Шавкат Мирзиёев и Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон

Азми Тошканду Душанбе барои то 1 миллиард доллар расондани додугирифти мол

© котиботи Вазорати иқтисоду савдои ТоҷикистонЗавқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, бо Сардор Умурзоқов, вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон
Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, бо Сардор Умурзоқов, вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2021
Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, бо Сардор Умурзоқов, вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон, густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 6 июн - Sputnik. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, дар мулоқоти Завқизода Завқӣ Амин, Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бо муовини сарвазириӮзбекистон, Сардор Умурзоқов ба афзоиши додугирифту рушди тавлидот таъкид шуд.
Манбаъ афзуд, ки ҷонибҳо азмашонро барои то ба 1 миллиард доллари ИМА расонидани гардиши савдои дуҷониба баён доштаанд.
Инчунин барои зиёд намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ барои рушди содирот ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон бо истифода аз таҷрибаи Ӯзбекистон ба мувофиқа расиданд, омадааст дар иттилоия.
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиеев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон в аэропорту - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2021
Розигии Раҳмон барои осониҳои нави омадурафти тоҷикистониёну ӯзбекистониҳо: имзои лоиҳа
Вазорати рушди иқтисоду савдои Тоҷикистон мегӯяд, дар моҳҳои январ-апрели соли 2021 гардиши савдои дуҷониба 30 фоиз афзоиш ёфта, ба 133 миллион доллари ИМА баробар гардид.
Вазирони Тоҷикистону Ӯзбекистон инчунин масъалаи омодагӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани сафари расмии раисиҷумҳури Ӯзбекистон, Мирзиёев Шавкат Миромоновичро ба Душанбе баррасӣ карданд.
Завқӣ Завқизода қайд кард, ки аз ҷониби раисиҷумҳур,Эмомалӣ Раҳмон барои омодагии ҳаматарафа ва мувофиқанамоии маҷмӯи ҳуҷҷатҳои дуҷониба барои имзо ба вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ дастур дода шудааст.
Сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ҳафтаи оянда рӯзҳои 10 – 11 июн дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала