Гароншавии сабзӣ: шарҳи роҳбари бозор ва деҳқон

© Sputnik / Константин Михальчевский / Гузариш ба медиабонкСельскохозяйственная ярмарка в Ялте
Сельскохозяйственная ярмарка в Ялте - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2021
Обуна шудан
Масъулини бозори “Деҳқон”-и Душанбе ва сабзикор аз ноҳияи Ҷайҳун гароншавии нархи сабзиро, ки килояш то 8 -10 сомонӣ расидааст, шарҳ доданд
ДУШАНБЕ, 6 июн - Sputnik. Мастон Шарифов, муовини мудири бозори “Деҳқон”, яке аз сабабҳои асосии гароншавии нархи сабзиро, пеш аз ҳама, дар фасли баҳор нисбатан сарду сербориш омадани ҳаво гуфтааст.
Шарифов дар суҳбат бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” изҳор доштааст, ки сардии барзиёд барои афзоиши сабзии нав монеа эҷод кард.
“Аз ин сабаб, воридоти ин маҳсулот нисбат ба талаботи бозор ба таъхир афтод. Айни ҳол масъалаи мазкур таҳти назорат қарор дошта, ҷиҳати ҳалли саривақтии он мо бо хоҷагиҳои деҳқонии ватанӣ, аз ҷумла бо ноҳияҳои Ҷайҳун, Носири Хусрав, Шаҳритус, Ҷалолиддини Балхӣ, барои ворид намудани сабзӣ шартнома бастем”, - изҳор дошт Мастон Шарифов.
Маҳмаддовуд Сафаров, сардори хоҷагии деҳқонии “Ҳаким” - и ноҳияи Ҷайҳун, дар мавриди нархи сабзӣ изҳор дошт, ки соли гузашта дар масоҳати 1 гектар сабзии тирамоҳӣ кишт намуда, 35 тонна сабзӣ ҷамъ вовард. Мутаассифона, нархи ҳар кило сабзӣ ба 20 дирам фаромад, харидор наёфтем, қисми сабзӣ хӯроки чорво шуд ва қисми дигар пӯсида нобуд гашт.
Выставка сельскохозяйственной продукции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2021
Дар Тоҷикистон мехоҳанд барои содироти пиёз сабукиҳо диҳанд
Ӯ афзудааст, ки кори кишоварзӣ, аз ҷумла парвариши сабзӣ, пиёз ва полизиҳо низ, айни ҳол серхароҷот ва мушкил шудааст. Агар аз як ҷониб таъсири боду ҳавои номусоид ба кори деҳқон таъсири манфӣ расонад, аз ҷониби дигар, болоравии нархи маводи сӯзишворӣ, техникаҳои кишоварзӣ, нуриҳои минералӣ, таъмини кормандони мавсимӣ мушкили моро дучанд мегардонад, таъкид намудаст Сафаров. Кишоварз инчунин аз камбуди обу хушкшавии маҳсулот гуфтаст.
Дар ҳамин ҳол Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз афзоиши кишти сабзӣ гузориш медиҳад. Ба иттилои ин ниҳод, имсол дар майдони 4738 гектар кишти сабзӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 33 гектар зиёд мебошад.
“Ба ҳолати 21 майи соли равон хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 4310 гектар кишти сабзиро гузарондаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешӣ 6 гектар зиёд аст. Истеҳсоли сабзӣ ба ҳолати 1 январи соли равон ба миқдори 255491,1 тонна расонда шудааст”, - афзудаст Вазорат.
Дар ҳамин ҳол нархи сабзӣ дар Тоҷикистон ба яке аз масъалаҳои сербаҳс табдил ёфта, нархи он ҳанӯз ҳам ба андозаи қаблӣ поин нарафтааст.
Лентаи хабарҳо
0