Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

"Русҳо русҳоро бад мебинанд": интиқоди тунди раҳбари Little Big аз хейтерҳои Манижа

© Пресс-материал Little BigИлья Прусикин, солист группы Little Big
Илья Прусикин, солист группы Little Big - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2021
Прусикин касонеро, ки фикри худро ягона дуруст мешуморанд, "фашист" номид
ДУШАНБЕ, 6 июн - Sputnik. Раҳбари гурӯҳи Little Big Иля Прусикин аз зодаи Тоҷикистон Манижа Сангин, ки Русияро дар озмуни Eвровидение - 2021 бо суруди Russian Woman намояндагӣ кард, пуштибонӣ намуд.
Вай муроҷиати худро дар сафҳаи Инстаграмаш нашр кард.
Прусикин гуфт, ки ӯ аз шарҳҳои русофобӣ дар бораи Манижа норозӣ аст ва овозхонро дастгирӣ кард.
"Русҳо русҳоро бад мебинанд. Бачаҳо, ба шумо чӣ шудааст? Бо чунин ҳамватанон, душманон ҳам лозим нестанд", - гуфт раҳбари Little Big.
Ӯ ҳамчунин онҳоеро, ки суруди Russian Woman -ро танқид мекунанд ва фикри худро ягона ва дуруст мешуморанд, сахт интиқод кард.
Манижа в финале Евровидения - 2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Манижа бо суруди Russian Woman дар финали Евровидение Урупоро ба "по" хезонд - видео
Прусикин ин гуна одамонро "фашист" номид. Вай афзуд, ки аъмоли бад бояд интиқод шавад на эҷод, ки ҳақ дорад дар ҳама гуна шакл вуҷуд дошта бошад.
Ёдрас мешавем, ки пас аз интихоби суруд дар даври миллии озмун, "Зани рӯс" боиси эътирози мардум шуд. Манижаро ба таҳрифи симои зани рус ва паст кардани фарҳанги кишвар айбдор карданд.
Сароянда аз ҷониби сиёсатмадорон, ходимони ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ мавриди интиқод қарор гирифт ва матни ин асарро Кумитаи тафтишотии Русия барои нишонаҳои барангехтани кинаву адоват тафтиш кард.
Бо вуҷуди ин, видеои ин суруд дар YouTube нисбат ба дигар иштирокчиёни Eurovision - 2021 шумораи бештари тамошобинонро ба даст овард.
Российско-таджикская певица и автор песен Манижа поет во время второй репетиции первого полуфинала конкурса песни Евровидение в Роттердаме - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Дигарон нимбараҳна, Манижа бо рӯймол: намояндаи Русия Евровидение - 2021 - ро тоҷикӣ кард
Ғайр аз ин, суруди "Зани рус" ба ҷоизаҳои бонуфуз пешбарӣ карда шуд.
Алорағми бадбинон - ӯ қаҳрамон: вокуниши корбарон ба ҳунарнамоии Манижа дар Евровидение
Ёдовар мешавем, ки дар Евровидение - 2021 Манижа ба даҳгонаи беҳтарин сарояндагони Урупо дохил шуда, дар ҷои нӯҳум қарор гирифт. Ғолиби озмун гурӯҳи роксарой аз Итолиё - Måneskin гардид.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала