Нокаут дар сонияи охири даври аввал: лаҳзаҳои ҷоллиби сабқати UFC

Обуна шудан
Шаби 5 ба 6 июн дар Лас Вегас мусобиқаи ҳунарҳои размии омехтаи UFC Vegas 28 баргузор шуд. Дар навор лаҳзаҳои ҷолиби ин зӯрозмоӣ ҷамъоварӣ шудаанд
Рақобати асосии мусобиқаи UFC Vegas 28 инзадухӯрди Жаирзиню Розенстрейки суринамӣ ва Аугусто Сакаи бразилӣ буд, ки дароз тӯл накашид.
Як сония қабл аз анҷоми даври аввал, Розенстрейк рақиби худро нокаут кард. Барои суринамии 33-сола, ин аллакай 12 пирӯзӣ бо ду бохт аст ва бразилиягии 30-сола бори сеюм дар фаъолияти варзишии худ ноком шуд.
Боз як муҳорибаи дигари ҷолиби UFC, зӯрозмоии варзишкори лаҳистонӣ, Марчин Тибура ва амрикоӣ Уолт Харрис буд, ки дар даври аввал Тибура рақибашро ба нокаут фиристод.
Дар ин мусобиқа размикор аз усия Муслим Салихов бо собиқадори UFC аз Бразилия Франсиско Триналдо ворида рақобат шуда, пас аз се давр, доварон якдилона пирӯзиро ба "подшоҳи кунг-фу" -и Русия доданд. Барои варзишгари русиягӣ ин 18 -умин пирӯзӣ дар фаъолияти касбӣ ва панҷум дар UFC мебошад. Барои Триналдо шикаст аз Салихов ҳаштумин буд.
Лентаи хабарҳо
0