Палави обдор, 5 ҷои диданӣ, сиёҳалафу ҷӯроб: нашри “Поедим, поедим!” аз Тоҷикистон - видео

Барномаи “Поедем, поедим!” – “Биравем, бихӯрем!”, ки аз Тоҷикистон таҳия шудааст, нашр гардид
Ровиёни “Поедим, поедим!” Федерико Арналди итолиёӣ ва Габриэлла Да Силваи бразилиягӣ талош кардаанд, ҷойҳою ғизоҳоеро, ки метавонанд мавриди таваҷҷуҳи сайёҳон бошанд, намоиш диҳанд.
Нахуст ровиён аз бозори Меҳргон дидан карда, таъкид намуданд, ки ин бозор монанди қаср аст, ки меваю сабзавот тавре ба намоиш гузошта шудаанд, ки гӯиё дар осорхона бошанд. Онҳо аз савдогарон тавсиф карданд, ки арзон мефурӯшанд ва бо табассуму таъриф маҳсулотро арзон хариданд.
Федерико дар феҳрасти панҷ ҷои диданӣ бозори Меҳргон, Кохи Наврӯз, Боғи ботаникӣ, Қалъаи Ҳисор ва нерӯгоҳи Норакро ном бурдааст. Ӯ дар ҷои аввал Кохи Наврӯзро қарор додааст, ки боздид аз он 25 сомонӣ нарх дорад.
Дар барнома инчунин Ифтихор ба барандаҳои “Поедим, поедим” тарзи тайёр кардани “Сиёҳалаф” – ро нишон додаст. Габриела инчунин ба ивази 110 сомонӣ ҷӯроби помирӣ харида, тавсиф намуд.
Самбӯсапаз Аминҷон Салимов ҳунарашро ба барандаҳои барнома ёд дода, таъриф шунид. Инчунин Габриела аз Хонаи мӯд дидан намуд, ки ҳадафашро эҳёи либоси миллӣ гузоштааст ва онро биҳишт барои бонувон хонд. Ровиён дар охири барнома бо роҳнамоии Нигина, кадбонуи тоҷик, "ялама", ғизоеро, ки "палави моеъ"- аш ном гузоштанд, тайёр намуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала