Дар як моҳ дар Афғонистон бар асари ҳамалоти террористӣ беш аз 300 ғайринизомӣ кушта шуд

© REUTERS / OMAR SOBHANIПолицейские возле места взрыва в Кабуле, Афганистан. 7 августа 2019 года
Полицейские возле места взрыва в Кабуле, Афганистан. 7 августа 2019 года - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2021
Беш аз 300 ғайринизомии дар моҳи майи соли 2021 бар асари ҳамалоти террористӣ, ҷангу даргирӣ кушта шуданд
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Муҳаммад Наим Назрӣ, муовини Комиссияи мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон ахиран дар як нишасти матбуоти ба муносибати солрӯзи таъсиси ин комиссия эълом кард, аз миёни 301 ғайринизомии кушташудаи афғон, 20 нафараш зан ва 113 нафари дигар кӯдак будаааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.
Бар асоси ин гузориш, дар ин муддат, 695 ғайринизомии афғон низ захмӣ шуданд.
Делегация талибов приехала на переговоры в Москву - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Даъвати Толибон аз Тоҷикистону Қирғизистон: мушкилоти марзиро бо роҳи музокира ҳал кунед
Муҳаммад Наим Назрӣ бо ишора ба афзоиши себаробарии ин омор нисбат ба моҳи апрел афзуд, куштори ғайринизомиён аз ҷумлаи ҷароими байналмилалист, ки омилони он дар ҳар замоне ва дар ҳар нуқтаи ҷаҳон мавриди пайгарди қонунӣ қарор хоҳанд гирифт.
Афзоиши куштори ғайринизомии афғон дар ҳолест, ки Амрико ҳамвора бо ҳузури низомӣ ва дахолат дар музокироти сулҳи Афғонистон байни давлати ин кишвар ва гурӯҳи Толибон, омили аслии ба натиҷа нарасидани ин музокирот барои поёни ҷангу даргирӣ маҳсуб мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала