Амрико ва Чин метавонанд ҷанги сеюми ҷаҳонро барангезанд

© wikimedia.org / Гузаштан ба хазинаи аксЯдерный взрыв, архивное фото
Ядерный взрыв, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2021
Вазъ дар гулӯгоҳи Тайван ҳамарӯза шиддат меёбат: муқовимати Иёлоти Муттаҳида ва Чин дар минтақа ба чӣ оварда мерасонад?
ДУШАНБЕ, 7 июн - Sputnik. Муноқишаи мусаллаҳонаи миёни Амрико ва Чин бар сари Тайван метавонад ҷанги сеюми ҷаҳонро барангезад, менависад нашрияи "Аргументы недели".
Нашрия қайд намудааст, ки дастгирии Вашингтон аз давлати ҷазираӣ хашми Пекин овардааст.
Дар гулӯгоҳи Тайван аллакай вазъияти шиддатнок ба вуҷуд омадааст: киштиҳои ҳарбии ҳарду кишвар дар ин минтақа ҳузур доранд ва ҳавопаймоҳои ҷангии Амрикову Чин мунтазам болои ҷазираҳо парвоз мекунанд.
Коршиносон қайд мекунанд, ки дар сурати задухӯрди низомӣ, Амрико ҳеҷ имкони барои муқовимат бо Чинро на дар об ва нар дар хушкӣ надорад. Аслиҳаву нерӯи Пекин нисбат ба Вашингтон якчанд маротиба зиёдтар аст.
Министр иностранных дел КНР Ван И - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.03.2021
Изҳороти тунди Чин дар бораи сиёсати Амрико
Тибқи сарчашмаҳои гуногун, Чин тақрибан 1000 кулоҳакҳои ҳастаӣ дорад. Аммо, шумораи воқеии мушакҳои дурбурди Чин маълум нест. Коршиносон ҳамчунин таъкид доранд, ки дар ин минтақа низ нерӯҳои Пекин назар ба нерӯҳои Вашингтон якчанд маротиба зиёдтар аст.
Айни замон, Амрико дорои 1357 кулоҳакҳои ҳастаӣ мебошад.
Коршиносон таъкид мекунанд, ки дар доираи машқҳои Agile Dagger 2021, Вашингтон ният дорад, ки нерӯҳои зериобиро дар Уқёнуси Ором барои зарбаҳои ҳастаӣ ва мубориза бо киштиҳои зериобии тахайюлии душман ҷойгир кунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала