Ардакониён: Эрон равобит дар заминаҳои молӣ ва бонкиро бо Тоҷикистон муҳим медонад

© Посольство Ирана в ТаджикистанеМинистр энергетики Ирана Реза Ардеканиан
Министр энергетики Ирана Реза  Ардеканиан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2021
Обуна шудан
Дар Душанбе, ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, техникӣ ва фарҳангӣ баргшузор шуд
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон бо ҳузури вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва вазири нерӯ (энержӣ)-и Эрон Ризо Ардакониён баргузор шуд.
Дар маросими ифтитоҳи ин нишаст, Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захоири оби Тоҷикистон бо изҳори хушҳолӣ аз мизбонии ин нишаст ва дидори ҳамкорон ва дӯстонӣ эронӣ, изҳори итминон кард. Вай гуфт, чаҳордаҳумин нишасти Комисиюни муштарак барои тавсиа густариши равобит миён ду кишвари дӯсту бародар заминаи бештар фароҳам хоҳад кард
Вай бо ёдоварӣ аз иштирокоти фаровон миёни Тоҷикистон ва Эрон таъмини муносибат дар ҳама заминаҳро зарурӣ имконпазир донист.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо ишора ба ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар мавриди мизони воридот ва содироти ду кишвар гузориш дод ва густариши таълимоти таъомулоти тиҷорӣ ва иқтисодиро дар ростои манофеи мутақобил арзёбӣ кард.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2020 гардиши савдои хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон 57,7 миллион долларро ташкил дод, ки вазни хоси он дар ҳаҷми тиҷорати берунаи кишвар 1,3%-ро дар бар мегирад. Дар тиҷорати дуҷониба ба содирот 9,4 миллион доллар ва воридот 48,4 миллион доллар рост меояд.
© Посольство Ирана в ТаджикистанеЗаседании таджикско-иранской совместной комиссии по экономическому сотрудничеству
Заседании таджикско-иранской совместной комиссии по экономическому сотрудничеству - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2021
Заседании таджикско-иранской совместной комиссии по экономическому сотрудничеству
Вазири энергетикаи Тоҷикистон, ба тарҳи хоси бахши энержиро яке аз заминаҳои муносиб барои ҳамкории Душанбеву Теҳрон унвон кард.
Вай гуфт, нишондиҳандаҳо шаҳодат медиҳанд, ки байни Тоҷикистону Эрон имкониятҳои бештари ҳамкорӣ мавҷуд мебошад ва ҷонибҳо бояд онро баҳри боз ҳам ривоҷ додани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии мутақобилан судманди кишварҳо равона созанд.
"Бояд гуфт, ки дар давраи ҳамкории мутақобилан судманд, як зумра корҳо ба анҷом расонида шудаанд, ки яке аз онҳо сохтмони Неругоҳи барқи обии "Сангтӯда-2" аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон бо тавоноии 220 МВТ мебошад. Санги асоси НБО-и "Сангтӯда-2" 20 феврали соли 2006 гузошта шуда, соли 2014 нерўгоҳи мазкур бо иштироки сарони ду давлат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд",- хотиррасон намуд Ҷумъа Далер.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон изҳор дошт, ки мардуми ду мамлакатро муштаракоти умумии таърих, забон, фарҳангиву динӣ бо ҳам мепайванданд, ки ин он ҳамчун омили асосӣ барои рушди равобиту ҳамкории судманди мутақобила ва муносибатҳои байниҳамдигарии дўстонаи ду кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.
Вазири энержии Эрон низ дар суханронии худ ёдовар шуд, ки Эрон аввалин кишваре буд, ки истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф кард ва сафорати худро дар Душанбе таъсис дод.
Министр энергетики Ирана Реза Ардеканиан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2021
Яхҳо об мешаванд: вазири энержии Эрон вориди Тоҷикистон шуд
Ардакониён ба ғайр аз аҳамияти мавқеи геополитикии Тоҷикистон, қаробатҳои фаровони фарҳангӣ, таърихӣ ва забониро ҳамчун қавӣ дар муносибатҳои ду кишвар номбар кард.
"То имрӯз байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон 13 комиссияи муштарак баргузор шуда, дар натиҷаи ин нишастҳо масъалаҳои муҳим баррасӣ ва корҳои зиёд амалӣ карда шудааст. Умедворам, ки имрӯз, зимни 14-умин Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон масъалаҳои ҷойдошта ҳалли худро ёфта, он саҳифа наверо дар густариши муносибатҳои дуҷониба боз менамояд", вазири нерӯи Эрон.
Ардакониён қобили таваҷҷуҳи равобит дар заминаҳои молӣ ва бонкиро лозим донист.
Вазири энержии Эрон низ ибрози умедворӣ кард, ки тавофуқоти дар доираи ин нишаст ҳосилшуда пурра ва саривақт иҷро хоҳанд шуд.
Нимаи дуюми имрӯз гурӯҳҳои коршиносони ду кишвар оид ба ёддошти тафоҳуми ин мулоқот мубодилаи афкор хоҳанд кард.
Рамазон Рахимзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2021
Раҳимзода: Тоҷикистон дар талоши густариши ҳарчӣ бештари равобит бо Эрон аст
Қарор аст ин ёддошти тафоҳум фардо дар поёни нишаст ба имзо расад.
Дар ҳошияи 14-умин ҷаласаи Комиссияи муштарак, вазири энержии Эрон бо вазири энержӣ ва захоири об, вазири умури хориҷӣ, вазири молия ва раиси Бонки Миллии Тоҷикистон мулоқот мекунад.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон бо мақсади ривоҷ додани ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар самти интиқоли барқ, роҳу нақлиёт, алоқа, маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ, саноат ва дигар соҳаҳо ҳавасмандии хешро иброз медорад. Воридоти сармоягузории мустақими Эрон асосан ба соҳаҳои хизматрасонӣ, саноат, сохтмон, энергетика, саноати хӯрока, истеҳсоли тракторҳо, соҳаи кишоварзӣ ва савдо равона шудааст.
Лентаи хабарҳо
0