Чор медали тиллои варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба самбо

© Кумитаи миллии олимпии ТоҷикистонЧор варзишгари тоҷик қаҳрамони Осиё шуд
Чор варзишгари тоҷик қаҳрамони Осиё шуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2021
Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба самбо миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон 22 медал ба даст оварданд.
ДУШАНБЕ, 9 апр - Sputnik.Чемпионати Осиё оид ба самбо миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон рӯзи гузашта дар шаҳри Тошканд, пойтахти Ӯзбекистон хотима ёфт.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба самбо дар ҳайати 45 нафар (22 нафар калонсолон, 10 нафар ҷавонон, 13 нафар наврасон) сазовори 22 медал – 4 тилло, 9 нуқра, 9 биринҷӣ шуданд.
Яккачини кишвар аз рӯи шумори медалҳо пас аз Ӯзбекистон ва Қазоқистон дар ҷойи сеюм қарор гирифт.
Дар ин мусобиқа варзишгарон аз 10 давлати қора барои ҷойҳои ифтихорӣ рақобат карданд.
Кубок мира по самбо в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2021
Тоҷикистон дар Қаҳрамонии Осиё оид ба cамбо ду медали тилло гирифт
Ҳаминтавр медаҳои тиллои яккачини кишварро Ҳамроз Раҷабов дар вазни -79 кг миёни калонсолон, Меҳровар Чақалов дар вазни 64кг, Сайфиддин Сайфиддинзода дар вазни 71кг миёни наврасон ва Бобохон Мирзозода дар вазни 58кг дар самбои размӣ ба даст оварданд.
Фирдавс Насимов (98кг) миёни калонсолон, Субҳиддин Халилзода (71кг), Тӯйчибек Шарифов (79кг), Озодбек Назарбекзода (88кг), Бахтовар Бобохонов (98кг) миёни ҷавонон, Суннатулло Лоиқов (79кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (88кг), Ҷаҳонгир Ҳайдарзода (98кг) миёни наврасон ва Табрезшоҳ Парпишоев (79кг) дар самбои размӣ медали нуқра ба даст оварданд.
Медалҳои биринҷӣ бошад, насиби Масъуд Қуқаншоев (-58кг), Муҳаммадисо Раҷабов (71кг), Деваштич Убайдӣ (79кг), Хуршед Маҷидов (+98кг) миёни калонсолон, Ҷаҳонгир Камолов (64кг), Давлатҷон Назриев (+98кг) миёни ҷавонон, Анушер Гулов (58кг), Иброҳимҷон Элмуродов (98кг) миёни наврасон ва Сорбон Латифов (64кг) дар самбои размӣ гардид.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала