Модари “Барони силоҳфурӯш” аз Путину Байден хост, писарашро ба Русия баргардонанд

© AP / Sakchai LalitВиктор Бут за решеткой в Тайланде, 2008 год
Виктор Бут за решеткой в Тайланде, 2008 год - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2021
Модари Виктор Бут аз Путин ва Байден даъват кард, ки нисбати оилаҳои маҳбусони ҳарду кишвар меҳрубонии масеҳӣ дошта бошанд
ДУШАНБЕ, 7 июн - Sputnik. Раиса Бут, модари соҳибкори рус Виктор Бут, ки дар Амрико 25 соли ҳукми зиндон гирифт, пеш аз нишасти қарибулвуқӯъи руасоиҷумҳури Русия ва Амрико дар шаҳри Женева ба Владимир Путин ва Ҷо Байден муроҷиат кардааст.
Раиса Бут аз раҳбарони ду кишвар хостааст, ки барои бозгашти писараш ба Ватан мусоидат кунанд. Иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости.
Президент РФ Владимир Путин и президент США Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2021
Cанаи мулоқоти Путин ва Байден маълум шуд
Ба гуфтаи Бут, бинобар синну сол ва вазъи саломатияш, ӯ наметавонад ба Иёлоти Муттаҳида сафар кунад ва писарашро дар маҳбас аёдат кунад.
"Ман аз шумо ҳамчун модар хоҳиш мекунам, ки солҳои зиёд писарамро интизорам: бо ягон роҳ миёни худ ба тавофуқ биёед, то писарам ҳангоми зинда буданам ба наздам расонед", - навиштааст модари Виктор Бут.
Раиса Бут аз Путин ва Байден даъват кард, ки ба оилаҳои шаҳрвандони Русия дар зиндонҳои ИМА ва амрикоиҳо, ки дар Русия адои ҷазо мекунанд, меҳрубонии масеҳӣ зоҳир кунанд.
"Ман аз шумо хоҳиш мекунам, вақте ки шумо масъалаҳои дорои аҳамияти ҷаҳониро баррасӣ мекунед, як лаҳзае ба мушкилоти оилаи мо ва дигар оилаҳои русҳо ва амрикоиҳо назар андозед”, - гуфт зан.
Раиса Бут хоҳиш кардааст, ки "барои онҳо шонсе диҳад, ки оилаи онҳо якҷоя шавад"
Президент США Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2021
Байден гуфт, Путин медонад ИМА дар посух ба амалҳои зиёновар таърих надорад
Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли 2021 13-умин солгарди боздошти Бут дар Бангкок бо дархости Иёлоти Муттаҳида дар натиҷаи амалиёти иғвоангезонаи хадамоти ҷосусии Амрико мебошад.
Виктор Бут соли 1967 дар Душанбе ба дунё омада, мактаби миёнаи махсуси омӯзиши забони немисиро дар ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) хатм кардааст. Аз давраи зиндагии ӯ дар Душанбе маълумоти зиёде дастрас нест, вале бар асоси хабарҳои дарёфтӣ, падараш устои оддии мошин ва модараш низ як муҳосиби оддӣ будаанд. Виктор Бут ҳанӯз дар овони мактабхонӣ забони немисӣ ва ҳам забони байналмилалии эсперанторо, ки он замон мӯд буд, аз бар мекунад.
Баъди хатми омӯзишгоҳи низомии Қазон ва як муддат хидмат дар ҳавзаи низомии Закарпатйеи Украина Бут ба Донишкадаи низомии забонҳои хориҷӣ дар Маскав дохил шуда, дар инҷо забони португалиро аз худ мекунад.
Бут дар соли 2012 ба 25 соли зиндон маҳкум шуд.
Додгоҳи Ню-Йорки Амрико Виктор Бутро дар созиш барои куштори шаҳрвандони ИМА ва дастгирии молиявии терроризм гунаҳгор донист.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала