Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Нархи эмкунӣ дар Русия маълум гашт: арзиши ваксина “Спутник V” эълон шуд

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкШприц и ампула на фоне логотипа "Спутник V"
Шприц и ампула на фоне логотипа Спутник V - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2021
Обуна шудан
Арзиши ваксина бо назардошти таҳвил ҳисоб карда шудааст. Маблағи ҳар як вояи ваксинаро давлат пардохт мекунад
ДУШАНБЕ, 7 июн - Sputnik. Нархи ваксинаи бар зидди коронавируси сохти Русия бо номи “Спутник V”-и тақрибан 900 рубли русиро ташкил медиҳад. Ба ин арзиш инчунин, нархи интиқоли ваксина низ дар бар гирифта шудааст. Дар ин бора дар мусоҳиба бо РИА Новости вазири тандурустии Русия Михаил Мурашко хабар додааст.
Ба гуфтаи вай, пандемияи коронавирус хароҷоти иловагиро ба бор овард. Пеш аз ҳама, барои эмгузаронӣ маблағ лозим аст.
“Ваксинаи "Спутник V" бо назардошти таҳвил тақрибан 900 рублро ташкил медиҳад, ҳамаи ин хароҷотро имрӯз давлат аз ҳисоби худ пардохт мекунад", - таъкид кард Мурашко.
Вай қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир Русия барои эмгузаронии аҳолӣ беш аз 30 миллион вояи харидорӣ кардааст.
Шприцы на фоне логотипа Спутник V - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Тасдиқ ё рад ? Созмони ҷаҳонии беҳдошт ваксини "Спутник V"- ро меомӯзад
Қаблан вазири тандурустӣ гуфта буд, ки чӣ гуна метавон худро аз гирифтор шудан ба коронавирус ҳифз кард. Ба гуфтаи Мурашко, шумораи гирифторон ба COVID-19 дар Русия коҳиш хоҳад ёфт, агар ҳар як сокини кишвар ба саломатии худ рафтори бомасъулият нишон диҳад ва тавсияҳои заруриро иҷро кунад.
Ёдовар мешавем, ки ваксинаи “Спутник V”, ки аз ҷониби олимони Маркази Гамалея таҳия шудааст, аввалин ваксинаи сабтиномшуда дар ҷаҳон барои коронавирус гардид. Аз он тақрибан дар 56 кишвари дунё истифода мебаранд. Баъзеи онҳо нақша доранд ё аллакай истеҳсоли ин ваксинаро дар қаламрави худ оғоз кардаанд.
Мувофиқи маълумоти Фонди сармоягузории мустақими Русия (RDIF), ваксинаи “Спутник V” маъмултарин ваксина бар зидди COVID-19 шудааст. Илова бар ин, ваксини сохти Русия аз рӯи маъруфият дар ҷаҳон дар ҷои дувум қарор гирифтааст.
Лентаи хабарҳо
0