Аз болоравии рубл то коҳиши евро: эълони арзиши асъори хориҷӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкКурс иностранной валюты
Курс иностранной валюты  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2021
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард, ки тибқи он пули аврупоӣ пас аз болоравии беназир коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik.Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 евро дар кишвар имрӯз 13.7187 сомонӣ муқаррар шудааст.
Асъори аврупоӣ, ки охири моҳи май ба нишондоди рекордӣ (1 евро бар ивази 13.8636 сомонӣ) расид, ҳафтаи равонро бо коҳишёбӣ сар кард.
Асъори русӣ тайи чанд ҳафтаи ахир устувориро нишон дода, 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1542 сомонӣ нишон дода шудааст.
Дар мавриди доллар бошад, тибқи нишондоди БМТ, он дар сатҳи мӯътадил 11,32 сомонӣ барои як доллар нигоҳ дошта мешавад.
Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, бо Сардор Умурзоқов, вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2021
Сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон
Азми Тошканду Душанбе барои то 1 миллиард доллар расондани додугирифти мол
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллар аз 11.3200 то 11.3400 сомонӣ, 1 евро аз 13.7187 до 14.0000 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1542 до 0.1580 сомонӣ муқаррар шудааст.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0