Қадрдонии шоири тоҷик дар Чин: мукофоти "Шоири барҷаста" гирифт

Города мира. Пекин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2021
Абдуқаҳҳори Қосим аз миёни намояндагони 16 давлати дунё ба гирифтани мукофоти "Шоири барҷаста" сарфароз гардид
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Шоири номдори тоҷик, Абдуқаҳҳори Қосим дар Ҷумҳурии Чин ба гирифтани мукофоти "Шоири барҷаста" сарфароз гардид, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, шоири тоҷик дар Ҷашнвораи байналмилалии адабии Чин "Роҳи абрешим", ки дар водии Шансӣ баргузор гардида буд, иштирок кард.
Дар ин ҳамоиши бузурги адабӣ шоирону нависандагон, коргардонҳо аз 16 давлати дунё, 30 музофоти миллӣ, шаҳрдориҳо ва минтақаи мухтори Чин ширкат варзиданд.
Гуфта мешавад, дар маҷмӯъ 1000 асар ва 1700 мақолаи намояндагони 16 давлати дунё пешниҳод гардида шуд.
Ғолибон аз рӯи натиҷаҳои фестивал дар номинатсияҳои “Барои қироати беҳтарин”, “Шоири барҷаста, “Шоири нав”, Шоири шараф” ва “Барои филми беҳтарин” муайян гардиданд.
Школьная ярмарка в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2020
Китоби Абдуқаҳҳори Қосим ба забони сербӣ нашр шуд
Шоири тоҷик дар ин ҷашнвора ба ҷоизаи "Шоири барҷаста" мукофотонида шуд.
Манбаъ меафзояд, Абдуқаҳҳори Қосим ягона эҷодкорест, ки аз Тоҷикистондар ин ҳамоиши бузурги фарҳангӣ ширкат варзида, забону адабиёти тоҷикро муаррифӣ намуд.
Шоир соли 2020 дар 30-умин солгарди фестивали адабии Меделин-Колумбия, ки аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун мероси фарҳангии ин кишвар пазируфта шудааст, ширкат варзида, ашъораш бо забони тоҷикӣ ва испанӣ тӯли як соат тариқи тамоми расонаҳои ахбори фарҳангии Амрикои лотинӣ ва сомонаҳои интернетӣ пешкаши садҳо ҳазор тамошобинон гардида буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала