Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Се рӯз пас: сокиноне, ки хонаҳояшон дар низои марзӣ сӯхт, соҳиби манзилҳои нав мешаванд

© котиботи ҳукумати СуғдҶараёни сохтмони хонаҳо барои зарардидагони муноқишаи марзӣ дар деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониёни шаҳри Исфара
Ҷараёни сохтмони хонаҳо барои зарардидагони муноқишаи марзӣ дар деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониёни шаҳри Исфара - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2021
Қарор аст то 3 рӯзи оянда манзилҳои нав ба сокинони аз муноқишаи марзӣ харобгаштаи деҳоти Хоҷаи Аъло ва Сомониён дар як маросим бо иштироки масъулини ҳукумат тақдим карда шавад
ДУШАНБЕ, 7 июн – Sputnik. Маъруф Муҳаммадзода, мудири шуъбаи сохтмони ҳукумати Суғд ва сардори Ситоди бартарафсозии паёмади муноқишаи марзӣ дар таъйиди ин иттилоъ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки кор дар умум барои таъмир ва азнавсозии ҳудуди 40 манзил дар деҳоти Хоҷаи Аъло ва Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи Исфара ҷараён дорад.
“Аз ин шумора беш аз 16 манзил сар аз таҳкурсӣ ба пуррагӣ нав карда шуда, боқимонда, ки қисман хароб шудаанд таъмир карда мешавад. Барои иҷрои ин корҳо ҳудуди 180 сохтмончӣ ба ҳисоби сокинони маҳаллӣ ҷалб шудаанд”, - гуфт Муҳаммадзода.
Бино ба иттилоъи роҳбари Ситоди бартарафсозии оқибатҳои муноқишаи марзӣ дар Суғд, то имрӯз бахши умдаи корҳо ба иҷро расонида шуда қарор аст, баъд аз санаи 10 июн, хонаҳо ба сокинони зарардидаи муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон тақдим карда шавад.
Қарор аст он рӯз барои иштирок дар чунин маросим Раҷаббой Аҳмадзода раиси вилояти Суғд ба деҳоти наздимарзии Исфара сафар намояд.
“Асрори баҳсҳои марзӣ. Чоркӯҳ”: Лаклаки Сурх “рӯзи сиёҳ” куҷо рафт? - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
“Асрори баҳсҳои марзӣ. Чоркӯҳ”: Лаклаки Сурх “рӯзи сиёҳ” куҷо рафт?
Масъулини ҳукумат мегуянд, дар пайи рухдоди муноқишаи марзӣ бо қирғизҳо дар умум манзили истиқоматии 27 оила дар деҳоти Хоҷаи Аъло ва Сомониёни Исфара тахриб шудаанд.
Баъзе аз ин хонаҳо қисман хароб шуда, қисмати дигар аз оташи тир ба пуррагӣ сӯхтаанд.

Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз соли 1989 ба ин сӯ идома доранд. Он замон аввалин даргирӣ миёни сокинони ду кишвар дар деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара ба вуқӯъ пайваста буд.
Бори ахир вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
“Асрори баҳсҳои марзӣ. Ҷанги снайперҳо”: раиси шаҳри Исфараро кӣ парронд?
Теъдоди қурбониён бар асари ин ҳодиса аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, муттаҳамони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Бишкек дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.
Собака на автомобильной дороге, закрытой на границе для проезда автомобилей. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2021
Аз бастани марзҳои Қирғизистон бо Тоҷикистон кӣ зарар мебинад
Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.
Аммо ахиран ҷониби Қирғизистон ахиран тамоми ҳаракатро тавассути қаламраваш барои шаҳрвандони Тоҷикистон қатъ кардааст.
Шаби 25 май ҳатто ҳавопаймои "Сомон Эр"- ро аз Бишкек бозпас ба Душанбе гардонид ва фурӯши чиптаҳоро ба шаҳрвандони Тоҷикистон пурра манъ кард.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала