Тафсону ғуборолуд: КҲФ аз хавфи омадани сел ҳушдор медиҳад

© Sputnik Амир ИсаевПыльная буря в Душанбе
Пыльная буря в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2021
Ин ниҳод аз меҳмонону шаҳрвандон даъват намудааст, ки дар чунин вазъи ҳаво ба саломатӣ диққати бештар дода шавад
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳушдор медиҳад, ки чанд рӯзи охир дар кишвар ҳаво ниҳоят тафсон мешавад.
"Дар баробари гармӣ, ҳаво пур аз чангу ғубор хоҳад шуд, ки ба саломатии шаҳрвандон метавонад таъсири баде гузорад", - таъкид мешавад дар хабари кумита.
Манбаъ меафзояд, ҳаво то 45 дараҷа гарм мешавад, ки ба маҳалҳои кӯҳиву назди кӯҳии вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи марказ хатар дорад.
Зеро гармои шадид боиси об шудани пиряхҳо ва сероб кардани рӯду каналҳо мегардад, ки дар натиҷа имкони фаромадани селро афзун мекунад.
Сел дар Дарвоз - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2021
КҲФ аз ҳавои номусоид ва хатари омадани селҳои харобкор ҳушдор медиҳад
Дар ҳамин ҳол, КҲФ аз меҳмонон ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват мекунад, ки дар чунин вазъи ҳаво ба саломатии худ бештар диққат диҳанд ва ҳамзамон барои пешгирии харобиҳои селу лойоба, ҷӯву заҳбурҳо ва селроҳаю каналҳо тоза карда шаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала