Тими Ҷопон мунтахаби Тоҷикистонро мағлуб кард

© Федератсияи футболи ТоҷикистонТими мунтахаби футболбозони Тоҷикистон
Тими мунтахаби футболбозони Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2021
Обуна шудан
Футболбозони тоҷик ба дарвозаи ҳарифони худ танҳо як гол заданд, аммо 4 голи тими Ҷопонро пазируфтанд
ДУШАНБЕ, 7 июн - Sputnik. Дар варзишгоҳи "Panasonic Suita"-и шаҳри Осакаи Ҷопон бозии даври 9-уми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “Ғ” байни яккачинҳои Ҷопон ва Тоҷикистон баргузор шуд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, мизбонон рақобатро фаъол оғоз намуда, ҳанӯз дар дақиқаи 6-ум бо голи задаи Киого Фурухаси ба пеш баромаданд. Баъдан дар дақиқаи 9-уми майдондорӣ Эҳсони Панҷшанбе натиҷаро баробар намуд.
Ҳамин тавр, Эҳсон муаллифи аввалин гол ба дарвозаи мунтахаби Ҷопон дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон Қатар – 2022 гардид.
Матч между сборными Таджикистана и Монголии по футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2021
Оғози чемпионати Тоҷикистон дар риштаи футбол: ҷадвали бозиҳо
Панҷ дақиқа то анҷоми қисми аввали бозӣ бозигари дастаи “Ливерпул” - Такуми Минамино натиҷаро 2:1 намуд. Бо ҳамин натиҷа дастаҳо ба танаффус баромаданд.
Баъдан дар идомаи бозӣ Кэнто Хасимото ва Хаяо Кавабе голҳи ҷопониҳоро муаллифӣ намуда, пирӯзии мунтахаби Ҷопонро бо натиҷаи 4:1 таъмин сохтанд.
Баъди ин бозӣ дастаи миллии Ҷопон бо касби 21 хол пешсафи ягонаи ҷадвали гурӯҳи “Ғ” мебошад. Мунтахаби Тоҷикистон бошад, дар ихтиёраш 10 хол дораду дар зинаи 2-юми гурӯҳ мавқеъ касб намудааст.
Лентаи хабарҳо
0