Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Даъвати Толибон аз Тоҷикистону Қирғизистон: мушкилоти марзиро бо роҳи музокира ҳал кунед

© Sputnik / РИА Новости / Гузаштан ба хазинаи аксДелегация талибов приехала на переговоры в Москву
Делегация талибов приехала на переговоры в Москву - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2021
Толибон (гурӯҳи маманӯъ дар Тоҷикистону Русия) аз Тоҷикистону Қирғизистон даъват кардааст, ки мушкилоти марзиро тариқи гуфтугӯ ва музокирот бо дарёфти роҳи маъқулу мантиқӣ ҳал намояд, чун ин ба хайри ҳар ду кишвар аст
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Ин паёми Толибон (гурӯҳи маманӯъ дар Тоҷикистону Русия)-ро Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи ин гурӯҳ дар "Твиттер"-аш нашр кардааст.
"Толибон бар ҳар ду кишвари исломӣ ва бародар садо менамояд, ки талош кунед, мушкили худро аз роҳи гуфтугӯ ҳал намоед", - таъкид доштааст оқои Муҷоҳид .
Толибон (гурӯҳи маманӯъ дар Тоҷикистону Русия) дар идома гуфтаанд, "мо аз рӯи таҷрибаи худ аз мақомоти ҳар ду кишвар умедворем, ки манофеи дарозмуддат, оромиш ва амнияти миллатҳои худро дар назар гирифта, аз роҳи ҳамдигарфаҳмӣ ва гуфтугӯ, ҳалли маъқул ва мантиқӣ барои мушкилашон пайдо кунанд. Ин дар хайри ҳар ду кишвар ва ҳар ду миллат хоҳад буд".
Толибон (гурӯҳи маманӯъ дар Тоҷикистону Русия) пеш аз ин низ бо мавзеъгирӣ дар бораи муноқишаи Озарбойҷон ва Арманистон бар сари Қарабоғи Кӯҳӣ гуфта буданд, ки ин минтақа бар асоси қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид бахше аз хоки Озарбойҷон аст, аммо Арманистон ҳанӯз ба ишғоли ин минтақа идома медиҳад.
На узбекско-афганской границе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
“Ҷанг чӣ даркор?”: фурӯкаш шудани ташаннуҷ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Бояд гуфт, ки паёми Толибон (гурӯҳи маманӯъ дар Тоҷикистону Русия) ба ду кишвари Осиёи Марказӣ барои бо гуфтушунид ҳал кардани мушкилашон дар ҳолест, ки ин гуруҳ бо вуҷуди имзои тавофуқномаи сулҳ бо Амрико ва розӣ шудан барои бо роҳи гуфтушунил ҳал кардани танишҳо бо ҳукумати Афғонистон, ҳанӯз ҳам бар амалҳои террористияш идома медиаҳд.
Аз ҷумла баъди эълони хуруҷи неруҳои Амрико аз Афғонистон ин гуруҳ ба хушунатҳо ва амалҳои террористӣ идома дод, ба гуфтаи мақомоти масъули давлати Афғонистон ин ҳаракатҳоро бештар карда, мехоҳад нишон бидиҳад, ки қудрати бештаре дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала