Яхҳо об мешаванд: вазири энержии Эрон вориди Тоҷикистон шуд

© Посольство Ирана в ТаджикистанеМинистр энергетики Ирана Реза Ардеканиан
Министр энергетики Ирана Реза Ардеканиан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2021
Вазири Энержии Эрон барои иштирок дар чаҳордаҳумин нишасти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Эрон вориди шаҳри Душанбе шуд
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Ризо Ардакониён, вазири нерӯ (энержӣ)-и Эрон, ба Тоҷикистон омадааст, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Манбаъ қайд намудааст, ки вазири нерӯи Эрон рӯзи 7-уми июн ба хотири "иштирок дар чаҳордаҳумин нишасти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Эрон" вориди шаҳри Душанбе шуд.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки вазири энержии Эрон дар Душанбе бо ҳамтои тоҷикаш Далер Ҷумъа, ки ҳамраиси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Тоҷикистон аст, дидору гуфтугӯ хоҳад кард.
Министр внутренних дел РТ Рахимзода Рамазон посетил Выставку военной техники Исламской Республики Иран, а также вооружения и тяжелой военной техники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2021
Раҳимзода: имзои созишномаи ҳамкорӣ бо Эрон, пояе барои мустаҳкамии робитаҳост
Ҳамчунин мулоқоти ӯ бо мақомоти дигари Тоҷикистон дар робита ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ байни ду кишвар низ дар назар аст.
Тибқи иттилои ахир Ризо Ардакониён бо вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дидору мулоқот кард.

Дар барномаи вазири нерӯи Эрон мулоқот бо сарвазир, вазири корҳои хориҷӣ, вазири нақлиёт, вазири молия ба ҳамроҳи раиси Бонки миллӣ ҳам пешбинӣ шудааст.
Ёдрас мешавем, ки Эрон дар Тоҷикистон ду тарҳи бузург - нақби "Истиқлол" ва нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" –ро амалӣ кардааст. Пас аз робитаҳои сарди чанд соли ахир, айни замон мақомоти ду кишвар талош доранд, робитаҳоро барқарор намоянд.
Барои мисол дар дар моҳҳои охир вазирони дифоъ ва корҳои дохилии Тоҷикистон аз Эрон сафар карданд.
Дар моҳҳои феврал ва март вазирони корҳои дохилӣ ва хориҷии Эрон аз Тоҷикистон дидан намуда буданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала