Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

“Асрори баҳсҳои марзӣ. Қиссаҳои инсонӣ”: “Гурги якка” ва духтараку “Қуръон” - аш

© Sputnik Ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара
Ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2021
Ҷангҳо бо куштору сӯхтор ва харобиву фоҷиаҳо хулоса мешаванд, аммо муҳаббат ба хона, Худову зиндагӣ ва инсонҳоро ягон ҷанг куштаву сӯхта ва хароб карда наметавонад
ДУШАНБЕ, 08 июн – Sputnik. Сокинони манотиқи марзии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара шоҳиди бадтарин саҳнаҳои харобиву сӯхтору даргириҳои охирини марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон буданд.
Ҳар яке аз онҳо ҳодисаеро нақл мекунад, ки агарчи содаву фаҳмост, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ қобили дарк нест. Барои он ки ин қиссаҳоро дарк кунӣ, бояд худ ба ҷои ин инсонҳо бошӣ ва он чиро, ки онҳо аз сар гузаронда буданд, аз сар гузаронӣ. Бояд он ҷо зист, ки онҳо зиндагӣ мекунанд, балки ҳавоеро бояд нафас кашид, ки гоҳо аз дуди сӯхтору бӯи борут олуда шудааст.
Sputnik Тоҷикистон дар зер чанде аз ин қиссаҳоро манзури хонандагон мекунад.

Хонае дар гузаргоҳи тир

Хонаи Абдурабеъ Ҷалолов, сокини 43 – солаи деҳаи Қалъача, дуруст миёни посгоҳҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон воқест. Аз хонаи ӯ байрақи сурхи Қирғизистон, ки болои посгоҳи марзии он кишвар насб шудааст, намудор аст. Аз 50 - метриаш роҳи Арқа – Исфана мегузарад.
Замони даргириҳои 29 апрел тирҳои дайду ё ҳадафманд аз силоҳҳо шиллик шуда, ба бому дару девор, ҳатто тирезаҳоро шикофта, ба даруни хонаи ӯ асобат мекарданд. Осори онҳо ҳанӯз ҳам бармало дида мешавад.
“Ин бори аввал нест. Ёдатон ҳаст, 16 сентябри соли 2019 вақте миёни марзбонони тоҷику қирғиз тирандозӣ шуду чор марзбони мо ба шаҳодат расида буданд? Ҳамон рӯз ҳазор дона преси пахолу чӯбу тахтае, ки барои сохтани як шипангу оғил харида будам, пурра ба коми оташ рафт”, - гуфт Абдурабеъ.
© Sputnik Абдурабеъ Джалолов, житель села Калъача
Абдурабеъ Джалолов, житель села Калъача - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2021
Абдурабеъ Джалолов, житель села Калъача
“Асрори баҳсҳои марзӣ. Хистеварз”: қабри падари сарвазири Тоҷикистон дар минтақаи баҳсӣ?
Вай то соли 2013 дар гӯшаи дигар, аммо хилваттари марз зиндагӣ мекард. Ҳамон сол дар минтақаи марзии Чоркуҳи Исфара як хонавода, ба шумули пиру кампир ва духтару набераи наврасашон, аз сӯи афроди номаълум кушта шуданд. Абдурафеъ медид, ки бачаҳои дӯстрӯяш бузург мешаванду баҳсҳои марзӣ ҳам тундтар, аз ин хотир, аз тарси ҷони худу аҳли оилааш хонаву дарашро гузошта, ба маҳаллаи Баҳор омад.
“Ин ҷо ба деҳа наздик, маҳаллаи серодам, аммо хатарноктар аст. Ҳама даргириҳо аз канори хонаи ман мегузаранд. Он замон тамоми буду шуд, аз ҷумла гову моламро фурӯхта, ин хонаро бунёд кардам. Ҳанӯз нотамом, аммо амнтар аст”, - гуфт Абдурабеъ.
Ӯ нафарест, ки бо баҳсҳои марзӣ бузург шуд. Онҳо тамоми зиндагӣ ӯро таъқиб мекунанд. Ҳар ҷо ки наравад, баҳсҳои марзӣ чун соя ҳамсафарашанд. Аммо вай мегӯяд, ба ҳама тоқат мекунад ва умедвор аст, ки ин кобус як рӯз ба охир мерасад.
“Ин ҳама долу дарахт ва хонаву дарро монда, куҷо равам? Ман боз кай пул ҷамъ карда, хона месозам? Ҳафт пуштам ин ҷо зиндагӣ кардаанд. Ман ҳеҷ куҷо намеравам, то пои ҷон аз хонаам муҳофизат мекунам”, - мегӯяд Абдурабеъ.
“Ҷон ширинтар аз ҳар чӣ аст”, мегӯяд мардум, аммо барои Абдурабеъ хона – пойгоҳи хонавода ширинтар аз ҷон аст. 29 апрел ҳам ӯ фирор накард ва дар хонааш монд.

Худои говҳо

Эргашой Неъматова, як зани 70 – сола, дар канори деҳаи Қалъача зиндагӣ мекунад ва аз ҳисоби деҳқонӣ рӯз мегузаронад. Ӯ як замини қариб 20-сотиха, ки дар онҳо помидору бодирингу қуфлнай мекорад ва боғи хурде аз дарахтони гелосу олуча ва себ дорад.
Хонаи ӯ рӯ ба рӯи як масҷиди навсохт дар деҳаи қирғизии Мақсад ҷойгир аст. Вақте сохтмони он ба итмом расид, қирғизҳо ҳамсояҳои тоҷики худро низ даъват намуда, оши худоӣ дода буданд.
© Sputnik Эргашой Нематова, жительница села Калача, граничащего с Кыргызстаном
Эргашой Нематова, жительница села Калача, граничащего с Кыргызстаном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2021
Эргашой Нематова, жительница села Калача, граничащего с Кыргызстаном
Аз он масҷид маъмулан садои азон меояд, аммо бегоҳи рӯзи 29 апрел аз бомаш ба сӯи хонаҳои Қалъача тир кушоданд.
“Ҳоло дар он ҷо сарбозҳо ҷой гирифтаанд. Он рӯз аз ҳамон масҷид тар-тар карда, тир андохтанд. Касе аз мо осеб надид. Худо худаш нигоҳ дошт. Аммо онҳо бештар говҳоямро нишон мегирифтанд. Онҳоро сар додем, худашон даромада, дар оғил пинҳон шуданд. Пеш ба сад зӯр кашола карда, онҳоро медаровардем”, - қисса мекунад холаи Эргашой.
Аммо дар қиссаи ӯ ин нукта ҷолиб буд, ки тирҳои сарбозони қирғиз омада, рост пеши говҳо меафтиданд ва ба онҳо намерасиданд. Холаи Эргашой дар ҳайрат аст, ҳикмати инро намефаҳмад. Ба гумон аст, ки ҳар каси дигар ҳам аз он сар дароварад. Говҳо ҳам Худо доранд.
© Sputnik "Божьи коровы" Эргашой Неъматовой
Божьи коровы Эргашой Неъматовой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2021
"Божьи коровы" Эргашой Неъматовой

“Қаҳрамони Овчиқалъача”

Муҳаммадалӣ Абдуалиев, сокини 47-солаи Қалъача, ҳанӯз дар ҷанги дохилии Тоҷикистон сарбози ҳукуматӣ буд ва дар даргириҳои он замон дар Рашту Тавилдара ширкат дошт. Аммо лақаби “Қаҳрамони Овчиқалъача” – ро ӯ барои дифоъи хонаи худ аз сӯи мардуми деҳааш камоӣ кардааст.
Маҳз манзили ӯ ва ҳамсояаш Абдуғаффор Ҷалолов соли 2016 чанд рӯз мавзӯи асосии расонаҳои дохиливу хориҷӣ буданд. Моҳи феврали ҳамон сол раиси ҷамоати Қулундуи ноҳияи Лайлак Сафар Одинаев дар боми онҳо байрақи сурхи қирғизиро насб кард ва таҳдид намуд, ки кӯчашонро бардоранд ва талош ҳам накунанд, ки байрақро кананд. Агар кананд, ҳадафи тири сарбозе хоҳад шуд, ки онҳоро таҳти нишон қарор додааст.
© Sputnik Мухаммадали Абдуалиев - "герой Овчикалачи"
Мухаммадали Абдуалиев - герой Овчикалачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2021
Мухаммадали Абдуалиев - "герой Овчикалачи"
“Ҳамон рӯз Сафар се сарбози автоматдорро оварда, болои боми ман ҷой кард. Ман бачаҳоямро ба хонаи наздиконам фиристодам. Дари ҳавлиамро бастам, як корд дар бағал ва як бакалашкаи безин дар даст гуфтам, ҳар касеро, ки пеш омад, мекушам ва хонаро оташ мезанам. Сафар мехост ягон қирғизро оварда, дар хонаи ман маскун кунад”, - мегӯяд Муҳаммадалӣ Абдуалиев.
Сафар Одинаев дар ҳавлии Абдуғаффор Ҷалолов як зани қирғизро оварда, маскун кард. Баъдтар ба маҳалли ҳодиса раисони вилояту ноҳия ва раҳбарони мақомоти зидахли ду тараф омаданд. Масъала ҳалли худро ёфт. Қирғизҳо рафтанд. Ҳамин тавр, Муҳаммадалӣ хонаи худро дифоъ кард.
“Асрори баҳсҳои марзӣ. Овчиқалъача”: Аскар Акаев чӣ иштибоҳ кард?
Ӯ фақат ба дарки як нукта намерафт: агар он рӯз хонаашро тарк мекард, ин эътирофи марзи Қирғизистон будани маҳалла ва ба дасти қирғизҳо додани калиди ғасби деҳаи Қалъача ва атрофаш буд. Бале, хонаи фақиронаи ӯ чунин аҳамияти бузурге дошт.

Духтарак ва “Қуръон”

Вақте рӯзноманигорон аз харобиҳову сӯхторҳо дар пайи даргириҳои 29 апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон гузориш мекарданд, наворе, ки ҳамаро гирёнд, қиссаи як духтарак аз деҳаи Сомониён буд. Ӯ дар навор талх мегирист ва мегуфт: “Хонаҳоямон сӯхт, сару танамон сӯхт, ҳама чизамон сӯхта рафт, сару танамон нест”. Сипас як каме таваққуф карду талхтар гирист ва гуфт: “Қуръон” - ҳои бечораам ҳам сӯхт!”
Ин навор бинандаҳоро сахт таҳти таъсир қарор дод. Дар миёни вокунишҳо корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ зери он бештар аз ҳама рамзи ҳамдардӣ – суратаки ашкдорро пахш мекарданд.
© Sputnik Сорияхон Расулджонзода, ученица 2 - го класса средней школы №29 села Калъаи Шах, джамоата Сурх
Сорияхон Расулджонзода, ученица 2 - го класса средней школы №29 села Калъаи Шах, джамоата Сурх - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2021
Сорияхон Расулджонзода, ученица 2 - го класса средней школы №29 села Калъаи Шах, джамоата Сурх
Сорияхон Расулҷонзода, хонандаи синфи дуюми мактаби №29 – и маҳаллаи деҳаи Каллаи Шахи ҷамоати Сурх аст, ки он рӯз – 29 апрел - бо иттифоқи модару хоҳараш дар манзили бобояш, воқеъ дар деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи Исфара қарор доштанд.
“Мо дар хона будем, ки тирпаронӣ сар шуд. Тирҳо ба хонаи мо заданду хона дар гирифт. Модараму бибиям ва ҳамаамон хостем, ки оташро хомӯш кунем, аммо тир мебориду меборид. Мо аз хона фирор карда, дар боғча паноҳ бурдем. Пеши чашмонамон ҳама чизамон месӯхту нобуд мешуд, аммо коре аз дасти мо намеомад. Сахт тарсида будем. Дидем, ки боғча ҳам ноамн мешавад, ба Хелесон (маҳалли дигаре дар Чоркуҳ) фирор кардем”, - қисса мекунад Сория.
Онҳо ду рӯз баъд баргаштанд. Ҳама чӣ сӯхта, хокистар шуда буд. Аз миёни ин ҳама хокистар Сория китоби “Қуръон” ва дигар китобҳояшро, ки қариб сӯхта тамом шуда буданд, пайдо кард. Баъдтар соҳибкорон ва давлат ба хонаводаи бобояш кӯмак намуданд, то хонаашонро аз нав созанд.
“Асрори баҳсҳои марзӣ. Чоркӯҳ”: Лаклаки Сурх “рӯзи сиёҳ” куҷо рафт?
Сория “Қуръон” меомӯзад ва ҳоло қариб 20 сураи онро азёд медонад. Ба ин суол, ки чаро дидани “Қуръон”-и сӯхта, ӯро ба гиря овард, ӯ посухе дода натавонист. Умуман, на фақат дар Исфара, балки тамоми Тоҷикистону гузашта аз ин, олами ислом ба ин суол, ки чаро “Қуръон” - китоби Худованд, самоӣ ва асосии мусулмонон ин қадар арзишманд аст, на ҳар кас посух дода метавонад. Аммо дар шуури ҳама ин нукта нақш бастааст, ки “Қуръон” як арзиши маънавиву муқаддас ва беэҳтиромӣ ба он гуноҳи бузург аст. Аз ҳамин хотир, ҳар гоҳ ки дар як гӯшаи дунё “Қуръон” – ро ба оташ мекашанд, тамоми олами ислом ба по мехезад.
Гиряҳои талхи кӯдаконаи Сория ҳам аз сӯхтан ва беэҳтиромӣ ба ин арзиш буд. Аммо ӯ боз “Қуръон” – и худро ёфт. Онро ба ӯ як рӯзноманигор аз Душанбе туҳфа кард, ки шояд дар қатори дигарон низ аз гиряҳои Сория ҷигархун шуда буд.

“Гурги якка”

Маҳмадалӣ Тошматов, сокини 63-солаи деҳаи Қалъаи Шах, ҳоло Истиқлоли ҷамоати Чоркуҳ аст, ки девор ба девори пойгоҳи марзбонии Қирғизистон зиндагӣ мекунад ва гаҳ-гоҳ бо онҳо сару дакка мезанад.
“Ҳамон куҳро дидед? Онро Сари Сот мегӯянд ва 12 километр аз ин ҷо роҳ аст. Дар ҳамон ҷо ман замони наврасӣ молбонӣ мекардам. Он ҷо хонаву заминам ҳаст. Аммо солҳои 90 қирғизҳо моро, ки 5 хонавода будем, аз он ҷо ронданд”, - қисса мекунад Маҳмадалӣ Тошматов.
Ӯ дар Қалъаи Шах дар замине зиндагӣ мекунад, ки ба қавли худаш, шахсан аз қирғизҳои ҳамсояаш кашида гирифтааст. Соли 1992 онҳо ба ин маҳал омада, ба сари худ “чегара” – марз заданд. Маҳмадалӣ ба онҳо мегӯяд, ки марзро ҳукуматҳо таъин мекунанд, на ҳар раҳгузар ва онҳоро ронд.
“Асрори баҳсҳои марзӣ. Ҷанги снайперҳо”: раиси шаҳри Исфараро кӣ парронд?
“Он замон ин ҷо як сангистон буд. 5 гектар замин аст. Ҳама сангу шағалро бо даст канда баровардам. Як КамАЗ хокро ба 50 доллар харида оварда, ҳамин замину боғро бунёд кардам. 30 соли умрам сарфи ҳамин замин шуд. Боре ҳамон қирғизҳои шинос омада, гуфтанд, ки чаро дар қаламрави баҳсӣ хонаву замин кардаам. Гуфтам, ки хонаи ман баҳсӣ нест. Нашуд, белро гирифта, ба сарашон давидам. Гурехтанду дигар пайдо нашуданд”, - гуфт Маҳмадалӣ.
© Sputnik Махмадали Тошматов, житель село Истиклол живет бок о бок с киргизской заставой
Махмадали Тошматов, житель село Истиклол живет бок о бок с киргизской заставой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2021
Махмадали Тошматов, житель село Истиклол живет бок о бок с киргизской заставой
Аммо соли 2008 дар ҳамсоягии ӯ чиниҳо хайма заданд. Онҳо барои сохтани роҳи Бодканд – Оқсой омада буданд. Он замон сохтмон дар қаламрави баҳсӣ манъ набуд. Ҳукумати Қирғизистон барои амнияти роҳсозони чинӣ ҳудуди 10 марзбонро ҳам гумошта буд. Гуфтанд, чиниҳо раванд, марзбонон ҳам мераванд. Аммо чиниҳо рафтанду марзбонон монданд. Хаймаҳои роҳсозон пойгоҳи марзбонӣ шуданд. Соли 2012 як бинои семанзила ҳам сохтанд, ки ҳоло бинои ин пойгоҳ аст. Акнун Маҳмадалӣ бо он ҳамсоя аст.
“Баҳору тобистон қариб ҳар рӯз бо онҳо даст ба гиребонам. Мо обро аз канали “Дӯстии халқҳо”, ҳамон Торткӯл мегирем. Сарбанди мо дар даруни пойгоҳ аст. Дар ин миён марзбонони қирғиз лӯлаи 100 –ро 50 карданд. Ҳар вақт хоҳанд, обро мебанданд. Ман ҷанҷол мекунам, ё калонҳоро ба миён мекашам, обро боз мекунанд. Ҳамин хел ҳамсояҳое дорам, ки гапро намефаҳманд”, - гуфт Маҳмадалӣ.
Вай дар заминаш даҳҳо бех зардолу, себ, гелос, чормағз, анор, анҷир ва олучаро бузург карда, дар заминаш гандум кишт мекунаду бо хошокаш гову молашро мехӯронад. Гелосу себи тару тоза ва зардолуро хушк карда мефурӯшад ва аз ҳамин роҳ, рӯзгори хешу хонаводаҳои се фарзандашро таъмин мекунад.
Ҳамин тавр, муборизаи 30 – солаи ӯ давом дорад. Мушкилоти ӯ сол ба сол чеҳра дигар карда, ӯро ба як “гурги якка” табдил додаанд, ки барои буданаш бояд ҳамеша мубориза кунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала