Байден Зеленскиро ба Вашингтон хонд

© Sputnik / Стрингер / Гузаштан ба хазинаи аксБрифинг президента США Дж. Байдена
Брифинг президента США Дж. Байдена - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2021
Раисиҷумҳури Украина гуфт, дидору мулоқоти ӯ бо Ҷо Байден Президенти Амрико моҳи июл баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Президенти ИМА Ҷо Байден рӯзи душанбе бо ҳамтои украинии худ Владимир Зеленский гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод ва ӯро тобистони имсол ба Вашингтон даъват кард, менависад ТАСС.
Бар хабари манбаъ, дар бораи суҳбати Байден бо Зеленский, ёвари президент оид ба амнияти миллӣ Ҷейк Салливан зимни як нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, Байден ба Зеленский ваъда додааст, ки дар мулоқоти қарибулвуқӯи худ бо президенти Русия Владимир Путин дар Женева, ки 16 июн баргузор мешавад, манфиатҳои Украинаро дифоъ мекунад.

"Ин як гуфтугӯи телефонӣ буд, ки онҳо дар арафаи сафари президент Байден ба Аврупо ва мулоқоти ӯ бо президенти Русия Владимир Путин анҷом доданд. Онҳо имкон доштанд, ки муддати дароз дар бораи ҳамаи масъалаҳо бобати муносибатҳои Амрико ва Украина сӯҳбат кунанд", - шарҳ дод Салливаен.

Зимнан, худи раисиҷумҳури Украина, Владимир Зеленский низ дар сафҳаи Твиттери худ миннатдорияшро ба президенти Амрико бобати даъват намудани ӯ ба Вашингтон иброз дошт.
"Ташаккур ба Ҷо Байден, ки маро дар моҳи июли соли ҷорӣ ба зиёрати Кохи Сафед даъват кард", - навиштааст Зеленский дар сафҳаи худ.
Зеленский таъкид кард, ки ӯ бесаброна ин мулоқотро интизор аст.
Қаблан Зеленский дар мусоҳиба бо Axios гуфта буд, ки омода аст бо Байден қабл аз мулоқоти ӯ бо Владимир Путин вохӯрад, аммо чунин имконият рӯи даст надорад.
Ёдовар мешавем, ки мулоқоти Владимир Путин роҳбари Русия ва кишвардори Амрико Ҷо Байден рӯзи 16 июн дар шаҳри Женева баргузор мегардад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала