Халосӣ аз беобӣ: як хоҷагӣ Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент бо оби нӯшокӣ таъмин шуд

© Sputnik / Константин Чалабов / Гузаштан ба хазинаи аксОтключение питьевой воды. Архивное фото
Отключение питьевой воды. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2021
Мақомоти вилояти Суғд хабар додааст, ки бо сохти хатти оби нӯшокӣ дар яке аз ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Панҷакент беш аз се ҳазор нафар бо оби нӯшокӣ таъмин гаштанд
ДУШАНБЕ, 8 июн – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд ахиран раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар як маросими ботантана хатти оби нӯшокиро Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент ба истифода супурд.
Тибқи иттилои манбаъ, акнун дар деҳаи Дашти Қозии Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент хатти оби нӯшокӣ мавриди истифода қарор гирифт, ва 500 хоҷагӣ бо оби нӯшокӣ таъмин гаштанд.
“Маросими ифтитоҳи хатти оби нӯшокӣ бо ҳузури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбарияти шаҳру сокинони деҳа ҷараён гирифт”, - қайд кардаааст дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд.
© Исполнительный орган государственной власти Согдийской областиГубернатор Согдийской области Раджаббой Ахмадзода
Губернатор Согдийской области Раджаббой Ахмадзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2021
Губернатор Согдийской области Раджаббой Ахмадзода
Қайл гардидааст, ки хатти оби нӯшокӣ дар доираи амалишавии лоиҳаи таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ аз ҳисоби Фонди байналмилалии наҷоти Арал бо маблағи 280 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, 3000 ҳазор аҳолии деҳа ё худ 500 хоҷагиро бо оби нӯшокӣ таъмин менамояд.
Тибқи иттилои Кумитаи рушди маҳалл, ҳоло дар вилояти Суғд - 83, 6%, Хатлон - 64%, Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон - 82,5%, шаҳри Душанбе - 98,8% ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ - 82% - и аҳолӣ дастрасӣ ба оби ширин пайдо кардаанд.
Вода в стакане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2021
Қосим Раҳбар гуфт, дар Тоҷикистон чӣ қадар мардум оби нӯшокӣ доранд
Бино ба ин манбаъ, дар ҳоли ҳозир 7 миллиону 191 ҳазору 595 нафар ё 81,4% - и аҳолии Тоҷикистон бо оби нӯшиданӣ таъмин шудаанд.
Тибқи иттилои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, ба 1 октябри соли 2020 шумораи сокинони кишвар ба 9 миллиону 441 ҳазор нафар баробар шудааст.
Тоҷикистон махзани об ва кишвари обҳои тозаву шифобахш маҳсуб шуда, ба иттилои коршиносон ҳудуди 60% - и оби Осиёи Марказӣ аз кӯҳҳои ин кишвар ҷорӣ мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала