Шавкат Мирзиёев и Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон

Cтратеги Тоҷикистон модели муносиботи Тошканду Душанберо намунаи ибрат хонд

© PixabayРукопожатие
Рукопожатие - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2021
Обуна шудан
Парвиз Муҳаммадзода, доктори илмҳои сиёсӣ ва ноиби мудири Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон аз муносиботи Тошканду Душанбе тавсиф кард
ДУШАНБЕ, 8 июн - Sputnik. Ноиби мудири Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон, Парвиз Муҳаммадзода аз такони муносиботи Тошканду Душанбе баъди сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар Ӯзбекистон гуфтааст.
Президенти Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев пас аз интихоб шуданаш ба ҳайси роҳбари давлат, фавран барои эҳёи робитаҳои анъанавии дӯстонаи байнидавлатӣ ва фарҳангӣ-таърихӣ бо давлатҳои минтақа, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳ пеш гирифт.
“Аллакай дар соли 2018 ташрифҳои мутақобилаи давлатӣ сурат гирифтанд, ки дар доираи онҳо дар маҷмӯъ 53 санади дуҷониба ба имзо расид. Муҳимтарини онҳо Созишномаи шарикии стратегӣ мебошад, ки дар рафти сафари давлатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон ба имзо расида, муносибатҳои ду кишварро дар тамоми соҳаҳои ҳамкорӣ ба сатҳи сифатан баланд бардоштааст”, - хабар дод “Ховар” аз қавли Муҳаммадзода.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон и президент Узбекистана Шавкат Мирзиеев на Международной выставке садоводства в Пекине ЭКСПО-2019 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2021
Сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон
Аз масъалаи марз то имзои 30 созишнома: Ӯзбекистон ҷузъиёти сафари Мирзиёевро ифшо кард
Ӯ таъкид намуд, равандҳои мусбате, ки дар муносибатҳои сиёсии дуҷониба ба амал омадаанд, ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ таъсири амиқи мусбат расониданд.

“Мо мутмаин ҳастем, ки кишварҳои минтақа ва ҷаҳон метавонанд дар амалияи худ модели беназир ва намунавии ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи худ васеъ истифода баранд”, - таъкид намудааст Муҳаммадзода

Ӯ афзудааст, ки вақти он расидааст, ки дар бораи эълони ҳамзамони солҳои наздик, соли Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ҳамчун як нуқтаи нави рушд барои тавсеа ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои байнидавлатии миёни кишварҳо чораандешӣ шавад.
Лентаи хабарҳо
0