Ду тазоҳурот дар як вақт дар маркази Бишкек - видео

© Sputnik / Сталбек Абижалил уулуМитинг сторонников Орхана Инанды у здания правительства в Бишкеке
Митинг сторонников Орхана Инанды у здания правительства в Бишкеке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2021
Дар Майдони кӯҳна тақрибан 100 нафар ҷамъ омадаанд. Онҳо талаб доранд, ки Орхан Инандаро пайдо кунанд. Дар даромадгоҳи ғарбии бинои ҳукумат бошад, деҳқонони минтақаи Чуй ҷамъ омаданд.
ДУШАНБЕ, 8 июн - Sputnik. Дар маркази шаҳри Бишкек ду тазоҳурот ҷараён дорад.
Тақрибан 100 нафар дар Майдони кӯҳнаи назди бинои ҳукумат ҷамъ омаданд.
Онҳо талаб доранд, ки Орхан Инандаро пайдо кунанд ва хотиррасон кунанд, ки ӯ шаҳрванди Қирғизистон аст, менависад Sputnik Қирғизистон.
Митинги дигар дар даромадгоҳи ғарбии бинои ҳукумат ҷараён дорад - даҳҳо кишоварзони минтақаи Чуй талаб доранд, ки масъалаи обёрӣ ҳал карда шавад.
Ба гуфти онҳо, норасоии об дар моҳҳои охир эҳсос мешавад ва ин ба нобудшавии ҳосил таҳдид мекунад.

Гум шудани Орхан Инанда

Президенти шабакаи литсейҳои "Сапат" Орхан Инанда, зодаи Туркия субҳи барвақти 1 июн дар Бишкек нопадид шуд. Мошини ӯ бо дари боз дар кӯчаи Малдибоев ёфт шуд, аризаро дар бораи нопадид шудани мард, писараш навишт.
Нақши Туркия дар Осиёи Марказӣ – баҳои таҳлилгарон
Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ супориш дод, ки ҷустуҷӯро шадидтар кунанд.
Сторонники Орхана Инанды на митинге у посольства Турции в Бишкеке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2021
Гирдиҳамоии ҷонибдорони Инанда дар назди сафорати Туркия дар Бишкек- видео
Ҳимоятгари "Сапат" Зоотбек Кудайбергенов фарзияи одамрабоиро истисно намедонад. Вай қайд кард, ки Инанда аз соли 2012 шаҳрванди Қирғизистон аст.
Боз эътироз: таҷаммуи мардуми Қирғизистон дар шароити вируси корона
Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар навбати худ хабар дод, ки ду сол пеш ба Орхан Инанда дар бораи таҳдиди рабудан ҳушдор шуда буд.
Шабакаи муассисаҳои таълимии "Себат" соли 2017 ба "Сапат" тағйири ном кард. Акнун Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қирғизистон низ аз муассисон мебошад.
Пештар хабар дода шуд, ки ба муассисон се шаҳрванди Қирғизистон - Майрамбек Ҷумалиев, Ҷолдошалӣ Кочконбоев ва Орхан Инандӣ шомиланд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала