Филми ӯзбекии "Илҳоқ" ба забони тоҷикӣ тарҷума шуд

© Sputnik / Артем Житенев / Гузаштан ба хазинаи аксБабина со старой кинопленкой. Архивное фото
Бабина со старой кинопленкой. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2021
Бори аввал ин филмро тамошобинони тоҷик дар доираи Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ба забони русӣ тамошо карда буданд
ДУШАНБЕ, 8 июн - Sputnik. Филми бадеии "Илҳоқ" -и Ҷаҳонгир Аҳмадов ба забони тоҷикӣ тарҷума шудааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти "Узбеккино" хабар додааст. Ин филм ба 75-солагии ғалаба дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ бахшида шудааст.
Филм дар бораи сарнавишт ва таҷрибаи Зулфия Зокирова, ки панҷ фарзандашро ба ҷанг фиристодааст, нақл мекунад.
Зрители в кинотеатре - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2021
"Исёни арӯсон" ва "Хобҳои беранг": дар Душанбе Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон баргузор мешавад
Қаблан филм бо забони русӣ тарҷима шуда буд ва бори аввал дар доираи Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон, намоиш дода шуд.
Дар ояндаи наздик тарҷумаи филми бадеӣ ба забонҳои қазоқӣ, қирғизӣ ва туркманӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ҳунарпешаи ҷавони тоҷик дар ҷашнвораи филмҳо дар Итолиё беҳтарин дониста шуд
Ёдрас мешавем, ки Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон аз 28 апрел то 1 майи соли 2021 дар шаҳри Душанбе барпо шуд.
Дар доираи ин ҳамоиш 3 филми ҳунарии "Илҳоқ", "Исёни арӯсон" ва "Хобҳои беранг", 3 филми мустанади "Посдори иттиҳод", "Қалби мардум", "Зери самои ягона" ва як филми тасвирии "Сандуқи сеҳрнок", манзури алоқамандони кино гардонида шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала