Андӯҳгин шудем: ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба Имрон Хон ва мардуми Покистон

© котиботи президентЭмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва сарвазири Покистон Имрон Хон
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва сарвазири Покистон Имрон Хон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2021
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намудааст
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik.Дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон ба Имрон Хон аз ҷумла гуфта мешавад: "Хабари ҳалокату захмӣ шудани теъдоди зиёди шаҳрвандони кишвар бар асари бархурди садамавии қатораҳо дар музофоти Синди Ҷумҳурии Исломии Покистон боиси андӯҳи амиқи мо гардид".
"Бо изҳори таъзия ва тасаллият ба мардуми дӯсти Покистон аз Ҷаноби Олй хоҳишмандам, ки ҳамдардии моро ба наздикони фавтидагон бирасонанд", - изҳор доштааст президенти Тоҷикистон дар идомаи паёмаш.
Эмомалӣ Раҳмон, ба пайвандони фавтидагон сабри ҷамил ва ба маҷрӯҳшудагон шифои комил хостааст.
Бино ба хабарҳои расида, дар пайи бархурди садамавии қатораҳо дар музофоти Синди Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки рӯзи 7 июн сар зад, дастикам беш аз 36 тан ҳалок шудаву садҳо тани дигар захм бардоштаанд.
Гуфта мешавад, садама баъди аз роҳ баромадани як қатора сар задааст, ки ба қатораи мусофирбари дигар бар мехурад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала