Ҳусайн Доган аз "Истиқлол" рафт: сабаб

© ФФТФК "Истиклол"
ФК Истиклол - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2021
Обуна шудан
Роҳбарияти даста ва ҳамзамон худи футболбоз ба мувофиқа расиданд, ки созишномаи ҳамкориро давом намедиҳанд ва фаъолияти варзишии Доган дар ин даста хотима меёбад
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Тими "Истиқлол" - ро нимҳимоятгари ҳолландӣ Ҳусейн Доган тарк кард, хабар медиҳад котиботи бошгоҳи мазкур.
Гуфта мешавад ҳам футболбоз ва ҳам роҳбарияти даста ба ин қарор расиданд ва интизор меравад Доган аллакай имрӯз ба қасди ватани худ Душанберо тарк кунад.
Тими мунтахаби футболбозони Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2021
Тими Ҷопон мунтахаби Тоҷикистонро мағлуб кард
Ёдовар мешавем, тими "Истиқлол" варзишгарро ҳангоми равзанаи интиқоли зимистона ба даст овардааст.
Ин футболзоз ба дарвозаи “Равшан” -и Кӯлоб як гол зада, беҳтарин бозигари Суперҷоми Тоҷикистон-2021 дониста шуд.
Гуфта мешавад, роҳбарияти "Истиқлол" ба варзишгар барои кори муштарак ташаккур гуфт ва ба ӯ барору комёбӣ таманно кард.
Доган футболбози касбӣ аст. Ӯ фаъолияти варзишияшро дар дастаи "Ҳолланд Спарта" - и Роттердам оғоз кардааст. Варзишгар соли 2012 дар майдон бори аввал баромад кард. Сипас "Спарта" бо тими миллии Go Ahead Eagles бозӣ кард. Илова бар ин, Доган бо TOP Oss ва NAC Breda бозӣ кардааст.
Лентаи хабарҳо
0