Ҳушдори раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ аз хатарҳои интернетӣ

© котиботи МТС ТоҷикистонХуршед Зиёӣ, мудири Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон
Хуршед Зиёӣ, мудири Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2021
Мақомдорони Тоҷикистон, аз додрас то додситон, сиёсатшиносону диншиносон масъалаи таъмини амнияти фазои маҷозиро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 8 июн - Sputnik. Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон аз баргузории мизи гирд дар мавзӯи “Фазои маҷозӣ: имконият ва таҳдидҳо ба амнияти миллӣ” хабар дод.
Ба иттилои котиботи марказ, дар ин ҳамоиш мақомдорони давлатӣ ва мутахассисони бахшҳои гуногун иштирок намуданд.
Манбаъ афзуд, Хуршед Зиёӣ, мудири Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон изҳор доштааст, ки ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва гурӯҳҳову ҷонибҳои манфиатхоҳ барои амалӣ намудани ҳадафҳои ғаразноки худ дар радифи силоҳу лавозимоти ҷангӣ аз иттилоот ва расонаҳои иттилоотӣ истифода мекунанд. Зиёӣ махсусан шабакаҳои иҷтимоии интернетро зикр намудаст, ки ба таври васеъ истифода мешаванд.
Гузель Майтдинова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2021
Майтдинова таҳдидҳои нав ба амнияти Тоҷикистонро гуфт
“Албатта, дар асри нав, ки онро асри иттилоот унвон кардаанд, таъсири иттилоот, махсусан, дар фазои маҷозӣ, бисёр амиқ ва нишонрас гардидааст. Чунки имрӯз бо рушди фаъоли интернет шабакаҳои иҷтимоӣ таъсири худро ба тафаккури ҷомеа хеле амиқ мегузоранд”, - изҳор доштаст мудири Маркази тадқиқоти стратегии президент.
Ӯ афзудааст, ки таъмини амнияти фазои маҷозӣ дар замони муосир ба яке унсурҳои асосии таъмини амнияти миллӣ табдил ёфтааст.
Зиёӣ ҳушдор додааст, ки агар имрӯз дар баробари ҳуҷумҳои иттилоотӣ, ки ҳадафмандона ва ғаразнок аз ҷониби душманони давлату миллат роҳандозӣ мешаванд, истодагарӣ накунем, тадбирҳои самарабахш наандешему амалӣ насозем, метавонад барои амнияти миллии давлатамон хатар эҷод намояд.
“Умедворам, ки мизи гирди имрӯза барои татбиқи ҳамаҷонибаи сиёсати давлатӣ дар самти амнияти фазои маҷозӣ ва тадбирҳои пешгирӣ аз терроризм ва ифротгароӣ дар кишварамон мусоидат хоҳад кард”, - изҳори умед намудаст мудири Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала