Картошка президентро ба ташвиш овардааст

CC0 / Pixabay / Картофель
Картофель - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2021
Обуна шудан
Дар минтақаҳои картошкапарвари Тоҷикистон кишти картошка нисбати дурнамо кам шудааст
ДУШАНБЕ, 8 июн - Sputnik. Дар ҳамаи ноҳияҳои водии Рашт, ки аз минтақаҳои асосии картошкапарвари Тоҷикистон мебошанд, дурнамои кишти картошка иҷро нашудааст.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни сафари ахираш ба минтақаи Рашт ин ҳолатро ташвишовар хонд.
Ба иттилои расмӣ, дар ноҳияи Нуробод кишти картошка 640 гектар ё 71 фоиз кам аз дурнамо корида шудааст.
“Дар ноҳияи Лахш 600 гектар ё 19 фоиз кам, ноҳияи Рашт 216 гектар ё 15 фоиз кам, ноҳияи Тоҷикобод 180 гектар ё 19 фоиз кам ва ноҳияи Сангвор 166 гектар ё 23 фоиз кам аз дурнамо картошка кишт шудааст”, - омадааст дар иттилоия.
Сельскохозяйственная ярмарка в Ялте - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2021
Гароншавии сабзӣ: шарҳи роҳбари бозор ва деҳқон
Раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин ба имкониятҳои истифоданашудаи минтақа таъкид карда, изҳор доштааст, ки дар баъзе ноҳияҳои минтақа заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда то ба ҳол майдони назаррасро ташкил медиҳанд.
“Аз ҷумла соли 2020 дар ноҳияи Нуробод 348 гектар ва ноҳияи Рашт 47 гектар заминҳои корами обӣ бо сабабҳои гуногун аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд”, - изҳор дошт раисиҷумҳур.
Коҳиши кишти картошка дар ҳолест, ки ин маҳсулот аз серистеъмолтарин дар Тоҷикистон буда, миёни мардум “нони дуюм” ном гирифтааст.
Лентаи хабарҳо
0