Лағви раводиди инфиродии Русия барои гурӯҳҳои гардишгарӣ

© Sputnik / Нина Зотина / Гузаштан ба хазинаи аксПосол Ирана в РФ Казем Джалали
Посол Ирана в РФ Казем Джалали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2021
Сафири Эрон дар Русия эълом кард, ки мақомоти ду кишвар қасд доранд, тавофуқноме дар хусуси лағви раводиди фардӣ барои гурӯҳҳои туристӣ ба манзури суҳулати сафар ба Русия ва ҷумҳурии исломӣ имзо кунанд
ДУШАНБЕ, 8 июн – Sputnik. Козими Ҷалолӣ, сафири ҷумҳурии исломии Эрон дар Русия аз қасди мақомоти Теҳрону Маскав барои имзои тавофуқномаи марбут ба лағви раводиди фардӣ барои гурӯҳҳои туристӣ хабар дод, иттилоъ додааст ТАСС.
Ҷалолӣ ахиран дар саҳифаи Фейсбуки худ навишт, ки Алӣ Акбарӣ Мунисиён, вазири гардишгарӣ, мероси фарҳангӣ ва саноеи дастии Эрон рӯзи душанбе дар ҷарёни сафари худ ба Маскав, тавофуқномаи марбут ба лағви раводиди фардӣ барои туристҳое, ки ба сурати гурӯҳӣ ба ҳар як аз ду кишвар сафар кунандро имзо хоҳад кард.
Ба гуфтаи ин дипломат, бар асоси мафоди ин тавофуқнома, туристҳои эронӣ ва русӣ аз ин ба баъд метавонанд аз тариқи ширкатҳои муътабар ва ба сурати гурӯҳӣ ва бидуни ниёз ба ахзи раводиди фардӣ, ба ҳар як аз ду кишвар сафар кунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала