Марде президенти Фаронсаро шаппотӣ зад - видео

© AFP 2023 / LUDOVIC MARINПрезидент Франции Эммануэль Макрон
Президент Франции Эммануэль Макрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2021
Обуна шудан
Кишвардори Фаронса Эммануэл Макрон аз дасти як мард шаппотӣ хӯрд
ДУШАНБЕ, 8 июн - Sputnik. Ҳангоми сафари сарвари давлат ба департаменти Дром, як фарди ношинос президенти Фаронса Эммануэл Макронро шаппотӣ зад.
Ин ҳодиса пас аз сафари Макрон ба литсей дар коммунаи Тейн-л'Эрмитаж рух дод.
Навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳншуда нишон медиҳад, ки кишвардор ба шахсоне, ки ӯро дар кӯча интизор буданд, наздик шуда, дасти яке аз мардҳоро гирифт.
Ҳамаро хандониданд: масхарабозиҳои роҳбарони сиёсии ҷаҳон - акс
Аммо, ин мард бо дасти дигараш бо мушт ба рӯи президент зад.
Пас аз он, посбонон ба вазъ дахолат карда ва марди ришдорро боздоштанд.
Ҳабиб амали Макронро маҳкум кард: "мо пайғамбарамонро беш аз ҳама дӯст медорем"
Тибқи иттилои BFMTV, Қасри Елисей ин ҳодисаро тасдиқ намуда, қайд кард, ки ин на торсакӣ ба рӯй, балки кӯшиши ба амал овардани он буд.
Акси Макронро оташ заданд: эътирозҳои густурда назди сафорати Фаронса дар Эрон - акс
Дар ин росто, пулис ду нафарро боздошт кард.
Лентаи хабарҳо
0