Масҷидҳои Бишкек дари худро ба рӯи намозгузорон дубора боз мекунад: кай?

© Sputnik / Гузаштан ба хазинаи аксНамаз во время Рамадана в Казахстане
Намаз во время Рамадана в Казахстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2021
Дар Бишкек масҷидҳо дари худро ба рӯи намозгузорон боз мекунад. Талаботи асосоӣ риояи қоидаҳои беҳдоштӣ аст
ДУШАНБЕ, 8 июн - Sputnik. Идораи рӯҳониёни Қирғизистон иҷоза дод, ки дар масҷидҳои Бишкек намози ҷумъа хонда шавад, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.
Дар баробари ин муфтиёт ҳушдор дод, ки мусалмонон бояд риояи меъёрҳо ва қоидаҳои санитариро фаромӯш накунанд.

Ҳамин тавр, аз 11 июн мусалмонон метавонанд ба масҷидҳо рафта намоз гузоранд.

Манбаъ афзуд, ки риояи қоидаҳои эпидемиологӣ дар масоҷид дар саросари кишвар ҳатмӣ аст.
 Ветеринар держит в руках шприц с препаратом Карнивак-Ков от COVID-19 в ветеринарной клинике в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2021
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Коронавирус дар Қирғизистон: фавти 5 нафар дар як шабонарӯз
Ёдрас мешавем, ки охирин бор рӯзи 30 апрел бинобар бад шудани вазъи коронавирус дар пойтахт муфтиёт баъзе маҳдудиятҳо ҷорӣ кард.
Эҳтимоли лағви намози Ид ва ҷумъа дар Қирғизистон
Ёдрас мешавем, ки дар Қирғизистон аз аввали ҳамагирии вируси корона ӣто кунан 107 714 кас гирифтори вируси корона шудааст.
Аз ин шумор 1859 нафар дар паи ин вабои аср ҷони худро аз даст додааст.
Баъди 9 моҳи интизорӣ: намозгузорон ибодаташонро дар масҷидҳо гузоштанд
Дар умум 101 033 кас ин бемориро бо хубӣ паси сар кардааст.
Ногуфта намонад, ки Тоҷикистон дари масҷидҳоро, ки аз моҳи апрели соли гузашта бинобар авҷ гирифтани маризии коронавирус баста буд, аз 1 - уми феврал дубора боз кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала