Ошкор шудани 70 ҳолати таълимоти ғайриқонунӣ дар Рашт

© PixabayКнига, архивное фото
Книга, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, дар водии Рашт ҳанӯз ҳам ҳолатҳои таълими ғайриқонунии динӣ ҷой доранд
ДУШАНБЕ, 8 июн - Sputnik. Мақомоти дахлдори давлатӣ мегӯянд, то ба ҳол ҳолатҳои шомилшавии баъзе сокинони ноҳияҳои водии Рашт ба ташкилоту гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ҷой дорад, изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону роҳбарони минтақа.
Ӯ афзуд, корҳои таблиғотӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон барои содир намудани амалҳои ғайриқонунӣ ба қайд гирифта мешаванд.
Илова бар ин, то ҳанӯз дар ноҳияҳои водӣ ба таълимоти ғайриқонунии динӣ, яъне ба мактабҳои хусусии динӣ фаро гирифтани кӯдакону наврасон идома дорад.
“Соли 2020 ва панҷ моҳи соли ҷорӣ қариб 70 ҳолати ғайриқонунӣ таълим додани зиёда аз 280 нафар кӯдакону наврасон ошкор карда шудааст. Бар замми ин, ҳолатҳои қасдан монеи таҳсили кӯдакон шудани падару модарон дар мактабҳо ҷой доранд”, - изҳор дошт ӯ.
Раисиҷумҳур таъкид намудааст, ки оқибати чунин амалҳоро ҳар як шахси солимфикр метавонад ба осонӣ дарк намояд.
Дар масҷид, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.01.2017
Ҷавонони тоҷик хоҳиши дар хориҷа таълими динӣ гирафтан доранду дар ватан не
Эмомалӣ Раҳмон афзудааст, ки ба роҳи рост ҳидоят кардани наврасону ҷавонон, пешгирӣ кардани нуфузи ҳар гуна равияҳои хатарнок, ба мардум фаҳмонидани оқибати рафтору кирдори ғайриқонунӣ, аҳаммияти сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллии тоҷикон вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии роҳбарону фаъолон мебошад.
Лентаи хабарҳо
0