Покистон ба ИМА пойгоҳҳои низомӣ намедиҳад

CC BY 2.0 / The U.S. Army / Rear door gunner viewАмериканские военные в Афганистане
Американские военные в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2021
Покистон намехоҳад замини худро барои мустақар кардани пойгоҳи низомӣ ба ИМА вогузор кунад
ДУШАНБЕ, 8 июн - Sputnik. Покистон додани пойгоҳҳои низомии худ ба Иёлоти Муттаҳидаро, рад кард, хабар медиҳад РИА Новости аз қавли вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ.
Қаблан маъмурияти ИМА эълом дошт, ки аз 1 май то 11 сентябр нирӯҳои худро дар ҳамоҳангӣ бо шариконаш пурра аз қаламрави Афғонистон берун мекунад.
Соли 2020 Иёлоти Муттаҳида ва намояндагони ҷунбиши радикалии "Толибон" - (мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия), дар Доҳа аввалин созишномаи сулҳро дар тӯли беш аз 18 соли ҷанг имзо карданд.
Американские военные медики, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Сиёсатшинос: Амрико имкони ҷойгир кардани пойгоҳи низомӣ дар Тоҷикистонро надорад
Он хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз давлати Ховари Миёна дар давоми 14 моҳ ва оғози муколамаи байни афғонҳоро пас аз табодули маҳбусон пешбинӣ мекунад.
"Мо мехоҳем, ки раванди сулҳ (дар Афғонистон) бо хуруҷи нерӯҳо пеш равад. Ҷаҳон Покистонро як ҷузъи мушкил намебинад", - гуфт ӯ дар мусоҳиба бо Geo News.
Вазири корҳои хориҷӣ қайд кард, ки ҳукумати Покистон ба ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ эълон кард, ки ният надоранд ба ИМА пойгоҳҳои низомӣ диҳанд.

"Ҷустуҷӯи пойгоҳҳо шояд хоҳиши онҳо бошад. Ҳеҷ гап дар бораи додани онҳо вуҷуд надорад, мо бояд манофеи худро бубинем", - афзуд Курейшӣ.

Ахиран рӯзномаи New York Times бо истинод ба манбаъҳои огоҳ навишт, ки маъмурияти ИМА бо ҳукумати Покистон дар бораи мустақар кардани пойгоҳи низомие гуфтушунид мекунад, ки барои ҷамъоварии маълумот ва ҳамлаҳои зиддитеррористӣ дар Афғонистон пас аз тарки нерӯҳои ИМА, истифода мешавад.
Ҳамзамон, вазорати дифоъи ИМА гузоришҳо дар бораи музокирот дар бораи пойгоҳ дар Покистонро тасдиқ накард, аммо қайд кард, ки ҷустуҷӯ идома дорад.
Батальон НАТО, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Ҳаққи Тоҷикистон барои додани ҳудуд ба низомиёни ИМА: шарҳи Сайфулло Сафаров
Ин дар ҳолест, ки пештар The Wall Street Journal бо такя ба манбаъҳояш дар сохторҳои мудофиа хабар дод, ки Иёлоти Муттаҳида Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро беҳтарин имкони ҷойгиркунии пойгоҳи низомӣ мешуморад.
Расонаҳо қайд мекунанд, ки Иёлоти Муттаҳида ба пойгоҳҳо ниёз дорад, то на танҳо кормандони низомӣ, балки ҳавопаймоҳои бесарнишин, бомбаандоз ва артиллерияро низ ҷой диҳад.
Ӯзбекистон расман мустақар кардани пойгоҳи ИМА дар қаламравашро рад кард. Коршиносон Тоҷикистонро низ макони мувофиқ барои пойгоҳҳои ИМА намедонанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала