Талаби даъвати президенти Қазоқистон ба додгоҳ: чаро?

© Пресс-служба президента УзбекистанаПрезидент Республики Казахстан Касым-Жомарт Токаев прибыл в Узбекистан с государственным визитом
Президент Республики Казахстан Касым-Жомарт Токаев прибыл в Узбекистан с государственным визитом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2021
Вакилони дифои вазири собиқи тандурустӣ мутмаинанд, ки кишвардор барои бепоя будани баъзе аз бандҳои иттиҳомот алайҳи зерҳимояи онҳо, шаҳодат медиҳад
ДУШАНБЕ, 8 июн - Sputnik. Вакили дифои вазири собиқи тандурустии Қазоқистон Елжан Биртанов - Дмитрий Куряченко аз додгоҳ хоҳиш кард, ки президенти кишвар, Қосим Ҷомарт Тоқаевро ба ҳайси шоҳид даъват кунанд.
Рӯзи сешанбе, 8 июн, додгоҳи ноҳиявиии шаҳри Нур-Султон масъалаи тамдиди ҳабси хонагии собиқ вазири тандурустӣ Елжан Биртановро баррасӣ кард, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.
Генеральная прокуратура РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Прокуратураи генералӣ алайҳи ҳудуди 200 низомиву мулкии қирғиз парванда боз кард
"Тафтишот бар ин аст, ки ширкати маъруфи ҷаҳонӣ Ericsson Nikola Tesla як пойгоҳи рақамии корношоямро ба маблағи 17 миллион доллар пешниҳод кардааст, ки кори онро худи тафтишот манъ кардааст. Барои тасдиқи ин далел, додгоҳи азиз, ман хоҳиш мекунам, ки президенти кишвар Қосим Ҷомарт Тоқаев ҳамчун шоҳид даъват шавад, то дурӯғи мақомоти тафтишотӣ - Агентии мониторинги молиявиро, ки мустақиман ба президент ҳисобот медиҳад, шаҳодат диҳад", - гуфт вакил.

Биртановро ба чӣ айбдор мекунанд?

Қаблан, дар ҷараёни мурофиаи тафтишотӣ нисбати вазири собиқи тандурустӣ айбҳо эълон шуданд.
Ба гуфти додситон, тафтишоти пешакӣ муайян кард, ки Вазорати тандурустӣ дар соли 2015 бо ширкати хорватии Ericsson Nikola Tesla барои таҳвили системаи автоматикунонидашудаи иттилоотии "Пойгоҳи рақамикунонии соҳаи тандурустӣ" ба маблағи 17,8 миллион доллар шартнома бастааст.
Парламент Киргизии утвердил назначение С. Жапарова на пост премьер-министра - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2021
Тошиев ба собиқ президентҳои Қирғизистон аз боздошт ҳушдор дод
Додситон Төлеген Жараспаев изҳор дошт, ки вазири тандурустӣ Елжан Биртанов "дар бораи корношоямии платформа", медонист ва "бо мувофиқаи пешакӣ бо Олжас Абишев (собиқ ноиби вазири тандурустӣ), моҳи октябри соли 2018 фармон дод, ки платформаро дар 17 беморхонаи Нур-Султон, Қазоқистони Ғарбӣ ва Қазоқистони Шарқӣ озмоиш кунад.
Ба гуфти додситон, Биртанов ва зердастонаш бо амали худ маблағҳои буҷаро талаву тороҷ карда, ба давлат дар ҳаҷми 1,5 миллиард тенге, ё 4,1 миллион доллар зарари моддӣ расонидаанд.
Вакилони дифои Биртанов ба бегуноҳии комили ӯ исрор меварзанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала