Шарти вуруди муҳоҷирон ба Русия осону ваксингирӣ алайҳи коронавирус ҳатмӣ мешавад

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкСтроители, архивное фото
Строители, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2021
Обуна шудан
Муҳоҷирон дар сохтмонҳо лозим ҳастанд: барои онҳо шарти вуруд ба Русия сода мешавад ва ҳамзамон эмгузаронии ҳатмӣ алайҳи коронавирус роҳандозӣ мешавад.
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Ба муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ҳавасманди кор дар сохтмонҳо Русия мебошанд, шароити вуруд ба кишвар осон хоҳад шуд. Илова бар ин барои шаҳрвандони хориҷӣ гирифтани ваксин алайҳи коронавирус ҳатмӣ мешавад.
Ин изҳоротро ноиби сарвазири Русия Марат Хуснуллин дар мусоҳиба бо Тина Канделак баён дошт.
Выдача первых патентов в Едином миграционном центре Московской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2021
Ҳушдори Хадамоти муҳоҷират: то 30 июн ҳузури худро дар Русия ба расмият дароред
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло норасоии қувваи корӣ дар сохтмонҳои Русия масъалаи доғ шудааст.
Хуснуллин мегӯяд, басанда набудани муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия метавонад боиси коҳишёбии иқтисоди кишвар шавад.
"Шаҳрвандони хориҷ дар сохтмонҳои кишвар то 12 соат кор мекунанд ва аз 30 то 40 ҳазор музди меҳнат мегиранд. Дар ҳоле, ки чунин шароиту маблағ шаҳрвандони бумиро қонеъ намекунад", - шарҳ додааст Хуснуллин.
Қаблан раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин зимни як Форуми иқтисодӣ дар шаҳри Санкт - Петербург изҳор дошт, ки системаи ҳатмии пулакии мгузаронӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ таҳия карда шавад.
Лентаи хабарҳо
0