Аз сиёсат то иқтисоду фарҳанг: мулоқоти Муҳриддин бо Ардакониён

© МИД РТВстреча Министра иностранных дел Таджикистана с Министром энергетики Ирана
Встреча Министра иностранных дел Таджикистана с Министром энергетики Ирана
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2021
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо вазири энергетикаи Эрон ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии ду кишварро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Имрӯз дар Душанбе Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Вазири нерӯи Эрон, ҳамраиси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон Ризо Ардакониёнро дидору гуфтугӯ кард.
Қайд карда шудааст, ки дар вохӯрӣ алоқамандии ҷонибҳо барои густариши равобити дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ таъкид гардид.
Ҳамзамон таъкид гардидааст, ки масъалаҳои таҳкими ҳамкории байнипарлумонӣ, бахусус фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Эрон, инчунин ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуданд.
Ёдрас мешавем, ки ахиран дар Душанбе, ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, техникӣ ва фарҳангӣ баргшузор шуд.
Министр энергетики Ирана Реза  Ардеканиан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2021
Ардакониён: Эрон равобит дар заминаҳои молӣ ва бонкиро бо Тоҷикистон муҳим медонад
Дар ҳошияи 14-умин ҷаласаи Комиссияи муштарак, вазири энержии Эрон ҳамчунин вазири молия ва раиси Бонки Миллии Тоҷикистон мулоқот мекунад.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон бо мақсади ривоҷ додани ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар самти интиқоли барқ, роҳу нақлиёт, алоқа, маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ, саноат ва дигар соҳаҳо ҳавасмандии хешро иброз медорад. Воридоти сармоягузории мустақими Эрон асосан ба соҳаҳои хизматрасонӣ, саноат, сохтмон, энергетика, саноати хӯрока, истеҳсоли тракторҳо, соҳаи кишоварзӣ ва савдо равона шудааст.
Соли 2020 гардиши савдои хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эрон 57,7 миллион долларро ташкил дод, ки вазни хоси он дар ҳаҷми тиҷорати берунаи кишвар 1,3%-ро дар бар мегирад. Дар тиҷорати дуҷониба ба содирот 9,4 миллион доллар ва воридот 48,4 миллион доллар рост меояд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала