СММ аз кишварҳои доро даъват кард ба давлатҳои нодор воксинаи зидди COVID-19 диҳанд

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузаштан ба хазинаи аксМюнхенская конференция по безопасности
Мюнхенская конференция по безопасности - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2021
Созмони ҷаҳонии беҳдош бори дигар аз кишварҳои сарватманд даъват кардааст, ки ба кишварҳои нодор барои дастрасӣ ба ваксинаи зидди вируси корона кумак намоянд
ДУШАНБЕ, 8 июн – Sputnik. Раҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз раҳбарони кишварҳои доро бори дигар хост, ки барномаи эмкунии зидди COVID-19-ро, ки СММ барои кишварҳои нодор роҳандозӣ кардааст, дастгирӣ намояд.
Дар муроҷиат ба раҳбарони кишварҳои Гурӯҳи Ҳафтгона, ки ба он пешрафтатарин кишварҳои ҷаҳон шомил мешаванду ҳафтаи ҷорӣ дар Англия ҷамъ меоянд, Тедрос Аданом Гебреусес хост, раҳбарон вокуниши ҳамоҳангшуда ба дастрасии кишварҳои нодор ба воксинаро ба намоиш гузоранд.
Ба гуфтаи раҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт, бо гузашти шаш моҳ аз шурӯи эмкунии зидди COVID-19, дар кишварҳои сарватманд дастрасии воксина тахминан 44 дарсад ва дар кишварҳои нодор 0,4 дарсадро ташкил додааст.
Вакцина от коронавируса  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2021
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
COVAX даҳҳо кишварро бо ваксин таъмин кард: Тоҷикистон дар навбат аст
Вай таъкид дошт, ки дар давоми моҳҳо ин омор тағйир намеёбад.
Дар назди Созмони ҷаҳонии беҳлдошт барномаи бо номи COVAX таъсис шудааст, ки махсус барои ёрӣ ба кишварҳои нодор аз назари таъмини воксинаи зидди COVID-19 амал мекунад.
Тоҷикистон ҳам дар доираи ин барнома даҳҳо ҳазор дода воксина дарёфт кардааст, вале он дарсади хеле ками аҳолиро фаро мегирад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала