Маълум шуд, ки чаро Содир Ҷабборов ба Туркия меравад

© Sputnik / Алексей Майшев / Гузариш ба медиабонкНовоизбранный премьер-министр Садыр Жапаров
Новоизбранный премьер-министр Садыр Жапаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2021
Обуна шудан
Интизор меравад Содир Ҷабборов бо раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дидору мулоқот намуда, дар ҷанд чорабинӣ ҳам иштирок кунад
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Содир Ҷабборов раисиҷумҳури Қирғизистон дар садади сафари корӣ ба Ҷумҳурии Туркия қарор дорад, менависад котиботи президенти он кишвар.
Ба иттилои манбаъ, сафари расмии Ҷабборов ба Туркия аз 9 то 11 июн идома мекунад.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни ин сафар Ҷабборов бо президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон вохӯри ва мулоқот доир мекунад.
Роҳбарони ду кишвар ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, инчунин масъалаҳои мубрами ҳамкориҳоро дар доираи Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркзабонро баррасӣ мекунанд.
Новоизбранный премьер-министр Садыр Жапаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Дастури Содир Ҷабборов дар барои тафтиши муноқишаи марзӣ бо Тоҷикистон
Инчунин, нишасти панҷуми Шӯрои олии ҳамкориҳои стратегии Қирғизистон ва Туркия бо иштироки раисони ду кишвар баргузор мешавад.
Ғайр аз ин, интизор меравад, Ҷабборов бо раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Мустафо Шентоп мулоқот кунад.
Содир Ҷабборов инчунин дар форуми соҳибкорон бо иштироки намояндагони Қирғизистон ва Туркия иштирок ва бо шаҳрвандони кишвараш, ки дар Анқара кору зиндагӣ мекунанд, мулоқот хоҳад намуд.
Садамаи маргбори кортежи Ҷабборов: шарҳи котиботи раисиҷумҳур
Ёдовар мешавем, ки Ҷабборов пас аз такя задан ба курсии президентӣ чорумин сафари худро ба ҳайси раисиҷумҳур анҷом медиҳад.
Ӯ ду маротиба ба Федератсияи Русия сафар анҷом дода, ҳамзамон аз Қазоқистону Ӯзбекистон низ боздид кардааст.
Лентаи хабарҳо
0