Тахфифу имтиёз: роҳкиро дар Душанбе чанд аст

Роҳкиро дар Душанбе чанд аст ва аз тахфифу имтиёзҳо киҳо бархӯрдоранд. Ҷавоб ба ин суолҳоро аз тасвирбаёни омоданамудаи Sputnik метавонед дарёфт кунед
Дар Душанбе феълан 83 хатсайри нақлиёт фаъол аст, ки ба сокинону меҳмонони чаҳор ноҳияи пойтахт хизмат мерасонанд.
Дар қаламрави шаҳр ҳамагӣ 49 микроавтобус, 26 хати троллейбусу автобус фаъолият мекунанд.
Нархи мусофирбарҳо 1,60 сомонӣ ва автобусҳо 1 сомонӣ мебошад. Зимнан, роҳкиро барои кӯдакони то 5 солла ройгон аст.
Илова бар ин, барои донишҷӯён ва кӯдакони аз 5 то 12 - сола тахфиф ҷой дорад.
Нафақахӯрони аз 75 - сола боло, иштирокчиёни ҷанг, низомиён, кормандони милиса, мақомдорон, қаҳрамонҳои Тоҷикистон ва маъюбону ятимон аз имтиёзҳо бархӯрдоранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала