Тоҷикистону Эрон тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро баррасӣ карданд

© Минфин РТМинистр финансов РТ провел встречу министром энергетики Ирана
Министр финансов РТ провел встречу министром энергетики Ирана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2021
Вазирони нерӯи Эрон ва молияи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо якдигар дидору гуфтугӯ карданд
ДУШАНБЕ, 8 июн – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати молия, масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, энергетика, сармоягузорӣ ва саноат дар мулоқоти Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Вазири нерӯи Эрон Ризо Ардакониён дар Душанбе баррасӣ гардиданд.
Ба иттилои Вазорати молияи ҷонибҳо доир ба тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ мубодилаи афкори судманд намуданд.
Бояд зикр кард, ки Вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон Ризо Ардакониён, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дирӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, бо як ҳайат ба Тоҷикистон омадааст.
Встреча Министра иностранных дел Таджикистана с Министром энергетики Ирана
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2021
Аз сиёсат то иқтисоду фарҳанг: мулоқоти Муҳриддин бо Ардакониён
Дар ҳошияи 14-умин ҷаласаи Комиссияи муштарак, вазири энержии Эрон ҳамчунин вазири молия ва раиси Бонки Миллии Тоҷикистон мулоқот мекунад.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон бо мақсади ривоҷ додани ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар самти интиқоли барқ, роҳу нақлиёт, алоқа, маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ, саноат ва дигар соҳаҳо ҳавасмандии хешро иброз медорад. Воридоти сармоягузории мустақими Эрон асосан ба соҳаҳои хизматрасонӣ, саноат, сохтмон, энергетика, саноати хӯрока, истеҳсоли тракторҳо, соҳаи кишоварзӣ ва савдо равона шудааст.
Соли 2020 гардиши савдои хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эрон 57,7 миллион долларро ташкил дод, ки вазни хоси он дар ҳаҷми тиҷорати берунаи кишвар 1,3%-ро дар бар мегирад. Дар тиҷорати дуҷониба ба содирот 9,4 миллион доллар ва воридот 48,4 миллион доллар рост меояд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала