Тухм арзон шуд, 70 дирам: гармои тобистон ба кори мурғпарварони тоҷик таъсир расонд

© Sputnik / Амир ИсаевПродажа яиц на рынке Мехргон
Продажа яиц на рынке Мехргон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2021
Мурғпарварони тоҷик мегуянд, дамои ҳавои тобистонӣ, ба поёнравии нархи тухм дар бозорҳо таъсир расонидааст
ДУШАНБЕ, 8 июн – Sputnik. Ҳоло дар бозору фурӯшгоҳҳои Суғд, арзиши тухм ба 70 дирам баробар шудааст. Чизе, ки як ҳафта қабл нархи он то 1, 2 сомонӣ рақам зада мешуд.
Шарифа як фурӯшандаи бозори “Панҷшанбе” дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон сабаби ба поёнравии нархи тухмро аз гармои тобистон арзёбӣ кард. Ӯ гуфт, дар фасли гармо мизони хариши тухм дар бозорҳо коҳиш ёфтааст.
“Ин, ки хариш кам шуд, нарх ба таври табиӣ поён мешавад. Зеро талабот суст мешавад ва ногузир дар чунин ҳол, нархро поён барӣ”, - гуфт фурӯшандаи бозор.
Бино ба гуфти ӯ, ҳоло нархи як қуттӣ тухм то 21 сомонӣ ё як донаи он ба 70 дирам баробар шудааст. Дар муқоиса ба се чор рӯзи гузашта поёнравии нарх 40 дарсад рақам зада мешавад.
Сотрудники птицефабрики, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2021
Ғорати корхонаи “Мурғпарварӣ” дар Леваканд
Абдулло Собиров як соҳибкори мурғпарвар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иброз намуд, ки раванди коҳишёбии нархи тухм то ин ҷониб ҳамасола дар фасли тобистон мушоҳида мешавад ва сабаби чунин ҳолатро гармои тоқатфарсо шарҳ дод.
“Ҳоло ҳама ба харидани меваҷот таваҷҷӯҳ доранд. Андак вақт талабот ба хариши тухм низ зиёд хоҳад шуд”, - гуфт Собиров.
Масъулони Сарраёсати кишоварзӣ дар вилояти Суғд дар бораи фаъол будани 130 фермаи мурғпарварӣ иттилоъ медиҳанд. Чунин фермаҳо ба парвариши мурғҳои тухмдиҳанда ва гуштӣ машғул будаанд.
Соли 2020 дар умум дар фермаҳои мурғпарварии кишвар бештар аз 490 милион дона тухм истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса ба ин давраи соли қаблӣ беш аз 165 милион дона зиёд шумурда мешавад.
Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварӣ ахиран дар як ҷаласа таъкид намуда буд, ки тибқи меъёрҳои физиологӣ, ки Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ кардааст, ҳар сокини ҷумҳурӣ бояд соле 180 дона тухм истеъмол кунад.
Птицеводческое предприятие. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2019
Дар Ҳисор фабрикаи мурғпарварӣ фаъол мешавад
Аммо корхонаҳои Тоҷикистон соли гузашта 983 миллион дона тухмро истеҳсол кардаанд, ки сари ҳар сокин 106 дона рост меояд.
Ба гуфтаи вазир, барои таъмини талаботи физиологии тоҷикистониён ба тухм зарур аст, ки дар кишвар соле на кам аз 1 миллиарду 600 дона тухм истеҳсол карда шавад.
Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2018 содироти тухми мурғ ба хориҷ ва воридоти онро ба кишвар манъ карда дар ин баробар корхонаҳои парвариш ва истеҳсоли хӯроки паррандаро аз ҳама намуди пардохтҳои андозӣ озод намуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала