Бозии бачаҳои бабрҳои барфии оварда аз Тоҷикистон дар Красноярск - видео

Бачаҳои бабрҳои барфии оварда аз Тоҷикистон дар мамнӯъгоҳи Саяно-Шушенск ба дурбини дастгоҳи наворбардорӣ афтиданд. Бабрҳои барфӣ барои барқарор кардани саршумори ин навъи нодири ҳайвон ба Красноярск оварда шуда буданд
Барои барқарор кардани саршумори бабри барфӣ дар Красноярск ду намояндаи ин ҳайҷони нодир аз Тоҷикистон ба Саяно-Шушенск оварда шуданд, ки феълан насл гузоштанд.

"Дар мамнуъгоҳи Саяно-Шушенск аксҳои нав аз ҳаёти оилаи бабрҳои барфӣ ба даст омаданд. Бабрчаҳое, ки як сол пеш таваллуд шуда буданд, ҳаҷман қариб баробари модари худ мебошанд, аммо рафторашон ҳанӯз мисли кӯдак мебошад, олами атрофро зери назорати дурбинҳо меомӯзанд", - омадааст дар иттилоияи мамнӯъгоҳ.

Таъкид шудааст, ки дар ҳоли ҳозир барои бабрҳои соли гузашта таваллудшуда шиносномаҳо омода карда мешаванд, аммо муайян кардани ҷинсашон ҳанӯз муяссар нашудааст.
Бабри барфӣ ба Китоби Сурхи байналмилалӣ дохил карда шуда, минтақаи иқомати он асосан ҳудуди 12 давлат - Афғонистон, Бутан, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Муғулистон, Непал, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро дар бар мегирад. Теъдоди феълияшон каме бештар аз 3 ҳазор арзёбӣ мегардад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала