Боди шадид дар Исфара - видео

Шоҳидон ларзиши дӯконҳоро аз ҳайбати вазиши бод дар кӯчаҳои вилояти Суғд ба навор гирифтаанд
Исфараро боди шадид фаро гирифтааст. Шоҳидон ларзиши дӯконҳоро аз ҳайбати вазиши бод дар кӯчаҳои вилояти Суғд ба навор гирифтаанд.
Ҳатто аз навор садои шамоли сахт ба гӯши кас мерасад.
Дида мешавад, чӣ гуна мардум базӯр дар ҳавои бод қадам мезананд.
Ва ин ҳама - дар пасманзари ҳавои гарм: дар исфара ҳарорати ҳаво ба 36 дараҷа гармӣ мерасад.
Ҳавошиносони тоҷик то 43 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мекунанд
Ҳамчунин, рӯзҳои наздик Тоҷикистонро гармои ғайримуқаррарӣ фаро хоҳад гирифт.
Оҷонси ҳавошиносии Тоҷикистон қаблан ҳушдор дода буд, ки дар вилояти Суғд шамоли сахт дар назар аст.
Тибқи маълумоти ҳавошиносон, вазиши шамол ба 18 метр дар як сония мерасад.
Тибқи пешгӯии ҳавошиносон, вазиши бод ҳадди аққал то 10 июн идома хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала