Cӯзонданд ва партофтанд: боздошти ҳамлагарон ба муҳоҷир дар Санкт-Петербург

© Sputnik / Михаил Фомичев / Гузаштан ба хазинаи аксУчастники Московского фестиваля трюкового искусства, архивное фото
Участники Московского фестиваля трюкового искусства, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2021
Қазияи даҳшатбори ҳамла ба муҳоҷир дар Санкт-Петербург ранги нав гирифт: ду муҳоҷир, ки қасд доштанд муҳоҷири дигареро зинда сӯзонанд, боздошт шуданд
ДУШАНБЕ, 9 июн - Sputnik. Ду мард, ки дар ҳамлаи ваҳшиёна ба муҳоҷир гумонбар дониста мешуданд, боздошт шуданд, менависад 78.ru бо такя ба манбааш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.
Қайд карда мешавад, ки ҳамлагарон "ҳамкорони дӯкон" -и ӯ - шаҳрвандони хориҷӣ аз Молдова ва Тоҷикистон будаанд.
Нисбати боздоштшудаҳо барои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ҳардуи гумонбар дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор доранд.
Строительство ЖК Южная Битца в Подмосковье - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2021
Зинда монд: муҳоҷир аз ошёнаи 12 сарозер шуд
Ёдовар мешавем, ки дар Санкт-Петербург авоили ин ҳафта як ҳодисаи мудҳиш рух дод.
Афроди номаълум ба муҳоҷире аз Ӯзбекистон ҳамла карда, ӯро бо корд захмӣ карда ва сипас оташ задаанд.
Садамаи маргбор дар Петербург: ронандаи тоҷикистонӣ шарикашро пас аз садама корд зад
Марди захмишудаи сӯхта ба шоҳроҳе расидааст, ва зодаи Тоҷикистон ӯро бардошта ба беморхона бурдааст.
Мард аз сабаби ҷароҳаташ муддати дароз беҳуш будааст. Вазъи ӯро вазнин арзёбӣ карда буданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала