Таъсиси Бунёди муштараки 50 миллиондолларии Тоҷикистону Ӯзбекистон

© PixabayДоллары США
Доллары США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2021
Сармояи оинномавии Бунёди нави муштараки сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон 50 миллион долларро ташкил хоҳад дод
ДУШАНБЕ, 9 июн - Sputnik. Ӯзбекистон ва Тоҷикистон як Бунёди муштараки сармоягузорӣ таъсис медиҳанд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон.
Вазорат мегӯяд, сармояи оинномавӣ 50 миллион долларро ташкил хоҳад дод. Бунёд амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки ояндадорро дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт дастгирӣ ва мусоидат мекунад.
Дар ҳамин ҳол рӯзи чоршанбе дар шаҳри Бохтар нахустин Анҷумани сармоягузории байниминтақавии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт. Чорабинӣ ба муносибати сафари сарвари Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев, ки рӯзҳои 10-11 июн пешбинӣ шудааст, баргузор мешавад.
Город Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2021
Эълони роҳбандӣ дар Суғд ба истиқболи Мирзиёев: кадом кӯчаҳо?
Интизор меравад, ки сарони ду давлат барои омӯхтани зарфиятҳои тиҷоративу иқтисодии вилояти Суғд ба шимоли кишвар сафар кунанд. Аллакай гузориш шуда буд, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон соддагардонидани ҳаракати мусофирон ва молҳоро омода мекунанд ва имкони фаъол кардани масирҳои нақлиёти автомобилӣ тавассути Тоҷикистон ба Чин баррасӣ шудааст.
Баъди марзбандии Қирғизистон: Душанбе бо Тошканд осонсозии ҳаракатро ба миён гузошт
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Тошканд ва Душанбе ният доранд савдои мутақобиларо аз 500 миллион доллари соли 2020 дар солҳои оянда ба 1 миллиард доллар расонанд.
Онҳо умед доранд, ки тавассути содда кардани расмиёти савдо ва таъмини дастрасии мусоиди маҳсулот ба бозорҳои ду кишвар ба чунин натиҷаҳо ноил хоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала