Гаҳе зери чатри Эрдуғону гаҳе зери борон: видеои истиқболи Ҷабборов дар Туркия - навор

© Пресс-служба президента КР / Султан ДосалиевПрезидент Садыр Жапаров на церемонии официальной встречи с Президентом Турции Реджепом Тайипом Эрдоганом
Президент Садыр Жапаров на церемонии официальной встречи с Президентом Турции Реджепом Тайипом Эрдоганом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2021
Дар доираи сафари Содир Ҷабборов ба Туркия мулоқоташ бо роҳбарони кишвари мизбон, иштирок дар анҷумани соҳибкорон ва суҳбат бо қирғизҳои муқими Анқара дар назар аст
ДУШАНБЕ, 9 июн - Sputnik. Маросими истиқбол аз Содир Ҷабборов, раисиҷумҳури Қирғизистон аз сӯи ҳамтои туркаш, Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо ҳузури горди фахрӣ сурат гирифт.
Қатори мошинҳои Ҷабборов ба сӯи Қасри Президент ҳаракат кард ва дар он ҷо ӯро Эрдуғон пешвоз гирифт. Сарони давлатҳо бо ҳам салом карданд ва пас аз он суруди миллии ду кишвар садо дод. Ҳаво дар маросими истиқбол боронӣ буд ва Ҷабборов, ки бе чатр ҳаракат мекард, гаҳе зери чатри Эрдуғон буду гаҳе зери борон.
Пас аз гузориши фармондеҳи горди фахрӣ президентҳо аз рӯи қолини сурх гузашт карданд ва Ҷабборовро горди фахрӣ пазироӣ намуд.
Сипас сарони давлатҳо аъзои ҳайатҳои расмии худро муаррифӣ карданд ва дар пеши парчамҳои давлатӣ якҷоя акс гирифтанд.
Дар ҷараёни ин сафар кишвардори Қирғизистон бо президенти Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфтушунидҳои дуҷониба анҷом медиҳад. Ҳамчунин Ҷабборов бо раиси Маҷлиси бузурги миллӣ мулоқот мекунаду дар форуми тиҷоратии ду кишвар ширкат меварзад ва инчунин бо шаҳрвандони Қирғизистон, ки дар Анқара кор ва таҳсил мекунанд, сӯҳбат анҷом медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала