Далер Назаров дар бораи мошинҳои гаронбаҳо ва мансабдорӣ: рӯзе худро бадбахт дармеёбӣ

© Facebook / Daler Nazarov studioДалер Назаров, архивное фото
Далер Назаров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2021
Далер Назаров дар бораи стили нав, тӯйгардӣ, сурудҳои ҷадид, мактаби худ, консерт дар Маскав ва Душанбе гуфт
ДУШАНБЕ, 9 июн - Sputnik. Далер Назаров бо мухлисони худ дар саҳифааш дар Instagram суҳбат карда, дар бораи фалсафаи зиндагӣ гуфт ва ба навозандагони ҷавон дар роҳи ҳунар маслиҳатҳо дод.
Ҳунарманд ҳадафи аслии зиндагиро худшиносӣ гуфту мансабдорию мошинсавориро боиси хушнудӣ намедонад.
Sputnik Тоҷикистон нуқтаҳои ҷолиби суҳбати ҳунармандро бо мухлисонаш ин ҷо гирд овард.

Чаро то ҳол мактаби Далер Назаров сохта нашудааст

Нафаре аз Далер Назаров суол кардаст, ки чӣ гуна мешавад дар 28 - солагӣ навохтани гиторро омӯхт. Дар посух ба ин савол Назаров гуфтааст, ки омӯзиш дар ягон синну сол дерӣ надорад ва муҳим аз ҳама ин хоҳиши кас аст.
"Дар Ютуб дарсҳои зиёде ҳаст мешавад аз онҳо истифода кард. Бояд шумо ҷур кардани торҳоро омӯзед ва баъд бо зам-зама кардани суруд дигар дастатон барои навохтан рост мешавад", - маслиҳат додааст Далер Назаров.
Ҳунарманд дар ин суҳбаташ аз хоҳиши кушодани мактаби навозандагӣ гуфту сабаби то ҳол амалӣ нашудани онро надоштани вақти кофӣ ва макон барои сохтани он гуфт.

"Хуб мешуд агар ҷое мебуд, ки навозандагон ба ҳамдигар касбашонро меомӯзониданд. Ин макон метавонист одамони синну соли мухталифро якҷо кунад. Вале ҳоло ин кор амалӣ намешавад, чун дигар корҳо бояд анҷом дода шавад", - гуфт Далер Назаров.

Нафаре ҳам дар ин росто пурсон шудааст, ки чӣ гуна мешавад, мактаби Далер Назаровро аз худ кард. Ба ин савол сароянда файласуфона посух дод.
"Бо худ бошед. Ин ҳам душвор ва ҳам осон аст. Вале бо дарки он, ки чӣ қадр худшиносӣ зарур аст, шумо худро дармеёбед, ки қиматтарин дастовард аст".
Далер Назаров мехоҳад дар Хоруғ мактаби мусиқӣ бисозад
Бояд гуфт, ки соли 2019 Далер Назаров барои сохтани мактаби мусиқӣ дар шаҳри Хоруғ ба раиси ВМКБ Ёдгор Файзов пешниҳод карда буд ва ӯ ҳам пешниҳодро хуш пазируфта буд, вале то ҳол ин кор амалӣ нашудааст.

Сурудҳои куҳна ва стили ҷадид

Дар бораи таълифи сурудҳои нав Далер Назаров гуфтааст, ки муҳим на эҷоди суруди нав, балки тарзи қабули он аз ҷониби мардуми имрӯз аст.
"Мешавад боз 10 "Чак-чаки борон" - и дигар таълиф кард, вале гап на сари матну сурудҳои нав меравад, гап ин ҷост, ки сурудҳои куҳна, ки мардум бо онҳо баладанд, имрӯз дар дили онҳо чӣ гуна садо медиҳанд", - бовар дорад ҳунарманд.
Далер Назаров дал интервью - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.01.2021
Аз писари вазир то домоди Президент ва дороӣ: ногуфтаҳои Далер Назаров-видео
Далер Назаров дар посух ба ин суол, ки чӣ гуна Далер Назаров образи нав пайдо кард?, - гуфтааст, ки "ман стили наверо намебинам, танҳо бештар аз пеш озодтар мешавам".
Ба суол дар бораи ҳадафи Далер Назаров дар зиндагӣ, ҳунарманд посухи кӯтоҳ додааст.
Ӯ мегӯяд, ягон бор назди худ ҳадаф нагузоштааст.
"Зиндагӣ ҳама чизро чунон дақиқ роҳандозӣ мекунад, ки дигар ҷои илова кардани чизе боқӣ намемонад. Вале агар дар бораи чӣ гуна мехостам ба сар барам, сухан гӯем - албатта ин дӯст доштан аст, мисле, ки Худо моро дӯст медорад", - гуфт Далер Назаров.
Овозхон ҳамчунин дар бораи консерти лағвшудааш дар Маскав, ки бояд 12 апрели соли 2020 баргузор мешуду ба далели ҳамагирии вируси корона ба таъхир уфтод, гуфт, дар нақша аст, моҳи октябр баргузор шавад.
Дар бораи консерт дар шаҳри Душанбе бошад, ҳунарманд гуфт, мехоҳад дар пойтахт ҳунарнамоӣ кунад, вале ба ақидаи ӯ барои ин консерт ҳоло дар Душанбе талабот нест.
Далер Назаров дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2019
Маскав: Далер Назаров бо иҷрои суруде аз Лоиқ мухлисонро гирёнд
"Ҳоло талаботи тамошобинон ба ин консерт эҳсос намешавад. Ҳастанд одамони зиёде, ки инро мехоҳанд. Вале барои консерти бузург бояд ҳамаи мо бузург шавем. Он бояд ҷашни ҳақиқӣ шавад. Кӯшиш мекунем", - гуфт Далер Назаров.
Корбаре ҳам Далер Назаровро ба тӯй даъват карданӣ шуда пурсон шудааст, ки оё ҳунарманд розӣ мешавад дар маросими арӯсӣ ҳунарнамоӣ кунад? Далер Назаров дар ҷавоб гуфтааст, агар бо аҳли гурӯҳаш ва барномаи пурраи консертиашон даъватӣ шаванд, албатта меравад.

Фалсафаи зиндагӣ - на мошину на мансаб

Далер Назаров дар баробари суҳбат дар бораи ҳунарнамоӣ ба суолҳои фалсафии мухлисонаш низ посух дод. Ӯ гуфт, маънои аслии ҳаёт худшиносӣ аст.

"Аз ҳама муҳимаш дарки он, ки чӣ чиз барои шумо аз ҳама муҳим аст. Ҳеҷ кас ғайри шумо ба ин суол посух гуфта наметавонад. Мақсад бо таҷрибаи ҳамзистӣ бо дигарон ба худшиносӣ расидан аст", - бовар дорад ҳунарманд.

Ҳамчунин, Далер Назаров дар суҳбаташ мансабдорӣ ва пулдориро шарҳ дод.
"Зиндагӣ танҳо дар доираи мақоми худ, ин яъне беохириро дарк накардан аст. Мешавад дар ҳуҷрае қоидаҳои худро ҳукмрон кард ва ба худ мақоми шоҳӣ дод, вале ин танҳо дар дохили як ҳуҷра хоҳад буд. Мошини зӯр хуб аст, вале он мушкили аслии шуморо ҳал намекунад, рӯзе шумо худро дар дохили он мошин бе табъ эҳсос мекунед".
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала