Билет намонд: Душанбе интизори Юлдуз Усмонова аст

Юлдуз Усманова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2021
Обуна шудан
Примадоннаи Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова барои ҳаводорони тоҷикистонии худ барномаи консертӣ баргузор мекунад
ДУШАНБЕ, 9 июн - Sputnik. Рӯзи 8 июн шумораи зиёди овозхонҳои саршиноси Ӯзбекистон ба хотири иштирок дар барномаи "Шоми дӯстӣ" озими Тоҷикистон шуданд. Миёни онҳо примадоннаи Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова набуд.
Аммо Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар дод, ки Усмонова ҳатман дар ин барнома ҳунарнамоӣ мекунад.
Илова бар ин, примадоннаи Ӯзбекистон барои ҳаводорони тоҷикистонии худ барномаи консертӣ дар бинои Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мекунад.
Встреча гостей возле дворца культуры в Согде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2021
Сафари раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон
Бо карнаю сурнай: истиқболи соҳибкорони Ӯзбекистон дар Бохтар
Чиптаҳои барномаи консертӣ дар нимнафас ба фурӯш рафтанд ва гуфта мешавад ягон ҷойи холӣ дар толори консертӣ нахоҳад монд.
Маълум аст, ки дар баробари Усмонова ҳамчунин Фаррух Зокиров, Муноҷот Юлчиева, Рамза Усмонова ва гурӯҳҳои рақсии "Ӯзбекистон" ва "Ташкент зеболарӣ" ҳунарнамоӣ мекунанд.
Аз Нигина то Юлдуз: 250 санъаткор дар назди Раҳмону Мирзиёев ҳунарнамоӣ мекунанд - акс
Ёдовар мешавем, ки дар Душанбе барномаи "Шоми дӯстӣ" бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев баргузор мегардад.
Лентаи хабарҳо
0