Қарори Ҳукумат: воридоти кадом ғизоҳо, кай ва чаро гарон мешавад?

© котиботи раисиҷумҳури ТоҷикистонҶаласаи Ҳукумати Тоҷикистон таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ
Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2021
Ҳукумати Тоҷикистон бояд ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаҳмонад, ки чаро боҷи воридотии бархе аз анвои ғизоро ду баробар зиёд кард
ДУШАНБЕ, 9 июн - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, қарори Ҳукуматро барои ду баробар боло бурдани боҷи воридотии бархе аз анвои ғизоиро имзо кардааст, ки аз 1 январи соли 2022 мавриди амал қарор мегиранд.
Бар асоси қарор, аз аввали соли оянда боҷи воридотии маҳсулоти макаронии намудҳои гуногун аз 10 фоизи арзиши гумрукияшон то ба 20 фоиз зиёд карда мешавад.
Дар банде, ки боҷи воридотӣ аз 10 фоиз ба 20 фоизи арзиши гумрукӣ расонда шуд, “маҳсулоти макаронӣ, пухташуда ё пухтанашуда, пуркардашуда (бо гӯшт ё дигар маҳсулот) ё пуркарданашуда ё бо дигар тарз тайёр кардашуда, ба монанди спагетти, макарон, угро, рожки туппа, равиоли, каннеллонӣ, кискис барои истифода дар хӯрок таҳияшуда ё таҳиянашуда” зикр гардидаанд.
Продажа яиц на рынке Мехргон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2021
Тухм арзон шуд, 70 дирам: гармои тобистон ба кори мурғпарварони тоҷик таъсир расонд
Ҳукумати Тоҷикистон Вазорати рушди иқтисоду савдо ва диuар ниҳодро вазифадор намудааст, ки ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат ва Кумитаи иҷроияи ИДМ асоснокии таъсири манфии воридоти маҳсулоти макаронӣ ба истеҳсолоти ватанӣ ва амнияти ғизоиро пешниҳод намоянд. Ҳадафи қарор дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ арзёбӣ мешавад.
Ин қарор аз аввали соли оянда мавриди амал қарор мегирад.
Бо қарори дигар боҷи воридотии гӯшт ва каллапочаи ғизоии мурғӣ аз 10 ба 20 фоиз зиёд карда мешавад, ки як моҳ баъди нашраш мавриди амал қарор мегирад. Сомонаи "Ҷумҳурият" қарори мазкурро 8 июн нашр кард.
Ин дар ҳолест, ки солҳои охир дар Тоҷикистон мурғпарварӣ рушд ёфта, пойбандии бозори гӯшти тухми мурғ ба маҳсулоти хориҷӣ рафъ гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала