Назарзода аз маконҳои офатзадаи Хатлон боздид кард

© котиботи ҳукумати ХатлонСохтмони хона барои зарардидагон аз офати табиӣ дар деҳаи "Иттифоқ"- и ноҳияи Вахш
Сохтмони хона барои зарардидагон аз офати табиӣ дар деҳаи Иттифоқ- и ноҳияи Вахш - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2021
Масъулони маҳаллаҳо аз ҳисоби кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба Назарзода оиди бартарафсозии оқибатҳои селу обхезӣ ҳисобот доданд
ДУШАНБЕ, 9 июн - Sputnik. Рустам Назарзода роҳбари Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз маконҳои офатзада дар вилояти Хатлон боздид намуд.
Бар хабари котиботи КҲФ, роҳбари ин ниҳод аз ҷумла аз маконҳои хисоротдида дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Вахш ва Абдураҳмон Ҷомӣ дидан намуд.
Гуфта мешавад, масъулони шӯъбаҳои кумитаи мазкур ба Рустамзода дар мавриди корҳои анҷомшуда, кумак ба осебдидагон, ёрӣ барои бунёди манзилҳо ва покизаю барқарор кардани роҳҳо ҳисобот доданд.
Гуфта мешавад, Ситоди фаврии ҷумҳуриявӣ бо дастгирии ташкилотҳо ва соҳибкорони ватанӣ, сокинони зарардидаро то ҳол бо маводи хӯрока, доруворӣ ва ашёи рӯзгор таъмин мекунанд.
Сели мудҳиш ва пайомадҳои он дар Кӯлоб  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2021
ИА ба зарардидагони сел дар Тоҷикистон 100 ҳазор евро кумак мекунад
Ёдрас мешавем, боронгариҳои рӯзҳои 8 то 11 май, ки гуфта мешавад 9 қурбонӣ бар ҷой гузошт, зиндагии 14 ҳазору 500 нафарро дар вилояти Хатлон душвор кард.
Ин ҳодисаи нохуш ҷони одамонро дар ҳолатҳои гуногун гирифт.
Ҳамин тавр, дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 3 нафар шаҳрвандон, ки дар дохили автомашинаи сабукрав қарор доштанд, ба ҳалокат расиданд.
Ҳамчунин, дар шаҳри Кӯлоб 3 нафар фавтиданд, ки аз инҳо 2 нафар дар дохили мошин будаанд ва 1 нафари дигар аз дохили маҷрои селоба пайдо карда шуд.
Ситоди шаҳрӣ сабаби вайронкориҳои сел дар Кӯлобро гуфту сокинонро ба тозагӣ даъват кард
Дар баробари ин, дар шаҳри Ҳисор низ 1 нафар ҳангоми нигоҳубини чорво бар асари омадани селоба ба ҳалокат расид.
Дар ин вилоят 128 хона ба таври комил бар асари сел вайрон шуда ва 400 хонаи дигар ба тармиму бозсозӣ ниёз дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала